Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бетарафӣ ба гумроҳӣ мебарад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро неруи созанда ва пешбаранда номиданд, ки бесабаб нест. Зеро ҷавонон давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагони хеш мебошанд. Яке аз мушкилиҳое, ки боиси нигаронии давлату ҷомеа гаштааст, ин даст ба кирдорҳои ношоям задани ҷавонону ноболиѓон мебошад.

Бо мақсади аз байн бурдани чунин кирдорҳои номатлуб Президенти  кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода намуда, бо ташаббуси бевоситаашон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намуданд, ки ин модели тоҷикии қонунгузорӣ маҳсуб меёбад.

Қонуни мазкур аз ҷониби коршиносони ватаниву хориҷӣ мавриди омўзиш қарор гирифта, ба он баҳои мусбат дода шуд. Ҳоло давлатҳои хориҷӣ кўшиш  намуда истоданд, ки қонуни мазкурро дар қонунгузории хеш ратификатсия намоянд. Ин қонун дар худ фарогири як қатор суннатҳои миллӣ буда, имконият фароҳам овард, ки дар ҷомеа пояҳои арзишҳои маънавиву ахлоқӣ пойбарҷо гардида, уҳдадориҳои падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дучанд намояд. Ин аст, ки волидони мо масъулияти худро ба пуррагӣ иҷро намуда истодаанд.

Чӣ гунае, ки дар урфият мегўянд: «Фарзанд азиз, одобаш аз вай ҳам азизтар». Аз мақоли мазкур бармеояд, ки ҳанўз аз замонҳои пеш гузаштагони мо ба масалаи таълиму тарбия бетараф набуда, пайваста аз паи иҷро гардидани он мегаштаанд. Мутаасифона, ҳоло ҳам нафароне ҳастанд, ки меъёрҳои қонуни мазкурро нодида гирифта, ба он эътибори ҷиддӣ намедиҳанд, ки ба нафъи онҳо нахоҳад буд. Аз ин рў тавсия дода мешавад, ки ҳамкории мутақобилаи волидон бо муассисаҳои таълимӣ пайваста ба роҳ монда шавад ва аз мақомоти назоратбарандаи ин қонун даъват ба амал оварда мешавад, ки назорати иҷрои онро ҷоннок намоянд. Зеро ҷавонон, дар воқеъ давомдиҳандагони мероси ниёгони гузаштагон мебошанд ва мо насли  калонсол дар таълиму тарбияи онҳо мутасаддӣ буда, ба ин масъала бетараф набошем.

You May Also Like..

Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Конститутсияи ҶТ ҳокимияти судиро шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян намудааст, ки дар таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими қонуният ва рушди ҷомеаи […]

Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.-Раиси суди иқтисодии шҳари Душанбе Абдуллозода З.Ф.

Дар асоси моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи […]

Забондонӣ ба волоӣ расонад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Забондонӣ ба волоӣ расонад, Зи гумроҳию нодонӣ раҳонад. Касе к-у беш омўзад забоне, Расидан бар муроди дил тавонад. Забони тоҷикӣ, […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *