Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Об – неъмати бебаҳо.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Субҳонзода А.С.

admin Без рубрики

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, пас мо вазифадорем, ки ин неъмати бузургро чун асоси ҳастӣ, ва тозаву озода нигоҳ дорем.

Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштааст, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Имрӯз ҳарчанд об дар сайёраи мо хеле зиёд аст, бо вуҷуди он дар бисёр минтақаҳо сайёраамон аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Солҳои охир дар натиҷаи муносибати нодуруст ба табиат мувозинати муҳити зист номураттаб гардид ва офатҳои гуногуни табиӣ афзуданд. Сол то сол хушксолиҳои харобиовар бештар рух дода, обхезиҳо пурзӯру мудҳиштар мешаванд ва масъалаи таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ мушкилтар мегардад.

Вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон, талабот ба оби ошомиданӣ низ зиёд гаштааст, вале на ҳамаи давлатҳо имкони таъмини аҳолиашонро бо оби тоза доранд. Моҳияти ин масъаларо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, соли 1999 дар ҷаласаи 54-уми СММ пешниҳод намуд, то соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфт. Ҳадафи асосии ин пешниҳод ҳалли проблемаи об дар рӯи Замин буд. Соли 2003 дар Симпозиуми байналмилалие, ки дар шаҳри Токио бахшида ба «Соли оби тоза» гузашт, бо пешниҳоди Президенти ҶТ солҳои 2005-2015 даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда шуд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар саргаҳи дарёҳои бузург воқеъ буда, дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад ва аз рӯи захираи оби тоза дар ҷаҳон дар ҷои 7-ум ва дар ИДМ дар ҷои 2-юм (баъд аз Русия) қарор дорад. Аз 20 то 22 августи соли 2013 дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор шуд. Дар кори он зиёда аз 900 нафар ширкат намуданд, ки онҳо намояндагии 70 мамлакати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва 20 ташкилоти гуногуни байналхалқиро ба уҳда доштанд. Мақсади асосии конфронси мазкур беҳтар намудани ҳамкорӣ дар истифодаи захираҳои об, махсусан дар ҷодаи обҳои сарҳадгузар, бехатарии экологӣ бо истифода аз технологияи ҳозиразамон ва ҳавасманд намудани роҳбарони идораю муассисаҳо ва сарварони давлатҳо бобати дар амал татбиқ намудани нақшаи мазкур ҳисобида мешуд.

Бояд қайд кард, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018- 2028”, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул шуд, бори дигар эътирофгари созандагӣ ва ташаббускории ин миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳар лаҳзаро ғанимат шумурда, бо роҳи амалисозии қарордодҳои нав, мувофиқати механизмҳои ба ҳамдигар муфид ва аз ҳама муҳим иродаи некхоҳонаи кишварҳоро эҷод намуда, мушкилоти истифодаи обро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин намоем.

You May Also Like..

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №13,  мод. 195; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 238; […]

Баҳри тоҷик

Баҳри тоҷик (собиқ обанбори Қайроққум) – дар Сирдарё, вилояти Суғд ҷойгир аст. Ҳаҷми Баҳри тоҷик: дарозиаш қариб 65 км; васеъгиаш […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *