Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар тарбия масъулиятшинос бошем.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Таҳкими заминаи маънавии оила ба тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани e, дар рeҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, ободиву бунёдкорӣ ба камол расонидани насли ояндасози xомеа тавъам аст. Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба масъалаи беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар миёни xавонону наврасон дар оила ва дар рeҳияи инсондeстиву меҳанпарастӣ ва хештаншиносиву худогоҳӣ ба камол расонидани насли наврасу xавон изҳори андеша менамоянд. Ҳамчунин таъкид медоранд, ки падру модар ҳамеша ҳуқуқу манфиатҳои фарзандро ҳимоя намуда, шаклу усули таълим ва муассисаи таълимии ба фарзандашон мувофиқро интихоб намоянд. Дар рафти таълим мунтазам бо муассисаи интихобкардаашон дар робита бошанд, сатҳу сифат, рафти таълим ва донишандeзии фарзандашро доимо зери назорат гиранд.

Боиси таассуф аст, ки имрeз баъзе волидон нисбат ба ҳаёту ояндаи фарзандони худ беаҳмиятӣ зоҳир намуда, xиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо монеъ мешаванд. Маҳз чунин муносибат ва ҳис накардани масъулият аз xониби баъзе падару модарон ва омeзгорон сабаб буд, ки чанд сол қабл xиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз xониби xавонону наврасон зиёд ба чашм мерасид. Барои пеши роҳи ин амалҳои номатлубро гирифтан, ҳалли мушкилиҳои дар ин самт xойдошта, таълиму тарбияи насли наврас ва xавонон дар рeҳияи ватанпарастӣ, худогоҳии миллӣ ва ахлоқи ҳамида, ба роҳи дуруст ҳидоят намудн ва омода кардани онҳо барои ҳаёти мустаҳқилона моҳи августи соли 2011 Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ќабул гардид.

Дар Қонун вазифаҳои падару модар, омeзгор давлат ва xомеа дар таълиму тарбияи фарзанд қайд шудааст. Агар чи дар сатҳи аввал муҳимияти нақши падару модар дар рeшду камоли фарзанд ишора шудааст, вале мактабу xомеа дар инкишофи кудак нақши бориз доранд.

Агар хулоса карда, ба муҳтавои қонуни мавриди назар таваxxуҳ намоем, ки он як қадами xиддие дар роҳи тарбияву таълим, худшиносии миллӣ ватандeстӣ хушахлоқӣ ва эҳтироми арзишҳост. Ин қонун масъулияти падару модарон, мактаб, xомеа ва давлатро нисбат ба таълиму тарбияи дурусти фарзанд ва масъулияти фарзандро нисбат ба волидон бедор мекунад.

You May Also Like..

23 феврал – рузи Артиши милли.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Ҳама сола 23 – феврал дар саросарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида […]

Пешгирии коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа […]

Терорризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва нақши волидайн дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм,ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *