Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накӯ нерӯи тозаро эҳдо сохт. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд. Воқеан, дар баробари дигар муқаддасот Истиқлолият низ яке аз арзишҳое волое мебошад, ки бо ба даст оварданаш тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид. Имсол Истиқлолияти кишвари мо 30 – сола гардид, ки чун ҷавони матину устувор сӯи фардои дурахшон равон асту моро ҳам бо худ бурда истодааст.

Ин неъмати бузург бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз овардааст. Моро лозим аст, то баҳри пойдорӣ ва таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи кишвари азизамон гузорем. Ҷавонони мо имрӯз дарк намудаанд, ки роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои накӯ, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишвар маҳз танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун муяссар мегардад. Имрӯз ба кадом соҳае назар накунем, дар баробари дигар қишри ҷомеа ҷавонон низ бо дасту дили гарм паи кору пайкоранд ва содиқонаву софдилона фаъолият бурда истодаанд. Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери ливои Истиқлолияту Ваҳдат бо боварии комил ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.

Дар воқеъ, Истиқлолият аст, ки имрӯз ҷавонон дар ҳама самт комёбанду дар рушду нумӯи меҳан саҳмгузоранд. Истиқлолияти Тоҷикистон рамзи давлатдории миллӣ аст ва ояндаи дурахшони миллат аз ин ганҷина вобастагии калон дорад. Дар ҳақиқат, имрӯз дар фазои Истиқлолият ва сулҳу субот кулли ҷомеа сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд. Аз оромию осудагӣ шоирон шеъри сулҳ мегӯянду мусаввирон расми муҳаббат ва садоқат тасвир менамоянд ва ҳунармандон суруди сулҳу ваҳдат месароянд. Пас, ҳамин аст Истиқлолият ва озодӣ. Дар воқеъ, Истиқлолият орзуҳои якояки моро месабзонаду зиндагиро ширин ва қалбҳоро ба фардо умедвор месозад. Пас, мо – аҳли ҷомеа, дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама, ба дарки амиқи самараҳои Истиқлолият сарфаҳм рафта, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем, баҳри рушду инкишоф ва муаррифии ин сарзамин дар арсаи байналмилалӣ талош намоему таҳкимбахши Истиқлолият ва оромию осудагии кишвари хеш бошем.

You May Also Like..

Хатари умумиҷаҳонии экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Шукргузор аз онем, ки имрўз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, […]

Тагйиру иловаҳои қонуни танзим ба манфиати худи мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Мавриди зикри хос аст, ки тамоми тагйиру иловаҳои ба Қонуни танзим воридгашта комилан барои ҳимояи манфиатҳои худи аҳолии кишвар равона […]

Дар амалӣ сохтани нишондоду муҳтавои қонуни танзим ташаббускорӣ хоҳем намуд.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аминзода С.Р.

Дар тақвияти афкору андешоти ҳамрамақони хеш, ки дар ҳамин шумораи нашрияи «Паёми Душанбе» интишор мегардад, каминаи камтарин гуфтаниам, ки тағйироти […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *