Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истиқлол-неъмати пуршараф.-Котиби суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҷашни 30 солагии Истиқлоли Ватани азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо халқи тоҷик Ҷашни пурифтихор, Ҷашни таърихӣ ва Ҷашни муқаддас мебошад.

Тоҷикистони имрўза яке аз давлатҳои шинохти тамаддун, фарҳанг ва илму маърифат ба шумор рафта, дар он халқи азизаш, хусусан ҷавонон нақши беназир мебозанд.

Айнан 30 сол пеш баъд аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ 15 давлати аъзои он, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти хешро ба даст оварданд. Лекин ногуфта намонад, мо тоҷикон ин Истиқлолро ба осонӣ пурра ба даст наовардаем. Ҳаннўз он ҷанги шаҳрвандие, ки ба  мардум ҳисороти ҷониву моли овард, фаромўш набояд сохт. Душманон аз дохилу берун барои ғасби ҳокимият талош меварзиданд.

Мардуми тоҷик умедаш ба он буд, шахсе пайдо шавад ва онҳоро аз партави оташу хун наҷот диҳад ва дар ҳақиқат чунин шахс пайдо гардид, имрўз мо шукрона аз он мекунем, ки Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо ба мо сулҳу оромиш овард, балки давлатамонро чун давлати пуриқтидору пурифтихор дар саросари дунё мубаддал гардонид. Мардумро ба ҳамдилӣ, бародариву дустӣ, Ватандориву Ватанпарварӣ ва ояндабинии дурахшон даъват намуд. Эмомалӣ Раҳмон чун марди Ҷасоратпешаву Ватандўст, бо сиёсати хирадмандонаи хеш, тавонист, Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои рушд табдил диҳад. Барои шукуфои ва густариши давлат пеш аз ҳама иқтисодиёту иҷтимоиёт зарур аст. Аз ин лиҳоз бо дастгириҳову талошҳои ин марди бузург мо тоҷикон дубора давлати худро зинда гардонидем, мо исбот кардем, ки мо ҳамон халқе ҳастем, ки дар дунё таърихамон аз давлати бузурги Сомониён то ба имрўз тамаддунофарин аст. Таърихи бойу рангин барои халқи шарафманди тоҷик таърихи ҳазорсолаҳо буда, он бисёр фарзандони фарзонаи миллат ба монанди Саъдиву Сино, Ҷомиву Рўдакӣ, Хайёму Румӣ ва дигар бузургонро муаррифи мо мегардонад. Ногуфта намонад, ки Эмомалӣ Раҳмон низ аз зумраи чунин бузургон ба шумор рафта,  барои қаҳрамониву тавоноиаш ба ин марди шариф унвони Rаҳрамонӣ дода шуд.

Мо ҷавонон муаррифгари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатамон буда, Тоҷикистонро чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ муаррифӣ намуда, пайрави он мебошем.

Давлатат поянда бод ҷонам,Тоҷикистонам,

Парчамат парафшанда бод ҷонам, Тоҷикистонам.

Бо ту зиндаем, бо ту мефахрем дар ин дунё,

Сарзаминат поянда бод ҷонам, Тоҷикистонам.

You May Also Like..

Хатари умумиҷаҳонии экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Шукргузор аз онем, ки имрўз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, […]

Тагйиру иловаҳои қонуни танзим ба манфиати худи мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Мавриди зикри хос аст, ки тамоми тагйиру иловаҳои ба Қонуни танзим воридгашта комилан барои ҳимояи манфиатҳои худи аҳолии кишвар равона […]

Дар амалӣ сохтани нишондоду муҳтавои қонуни танзим ташаббускорӣ хоҳем намуд.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аминзода С.Р.

Дар тақвияти афкору андешоти ҳамрамақони хеш, ки дар ҳамин шумораи нашрияи «Паёми Душанбе» интишор мегардад, каминаи камтарин гуфтаниам, ки тағйироти […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *