Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истиқлол-рамзи давлатдорӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истиқлолият ин дастовард аст, ки ба ҳар кас муяссар намегардад. Барои ба дастоварии Истиқлол мардум солҳо заҳмат мекашанд. Истиқлолият неъматест, ки дар натиҷаи саъю талошҳои афзун ба даст омадааст.

Тоҷикистон баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ дар таърихи 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти хешро ба даст овард.  Иҷлосияи дувуми Шўрои Олии Xумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12-ум дар таърихи 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти давлатии Xумҳурии Тоҷикистонро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳиллаи нави таърихиро ифтитоҳ бахшид.

Имрўзҳо Тоҷикистони азиз дар арафаи Xашни Бузурги Истиқлол 30 солагӣ қарор дорад.  Барои доштани давлат ва миллат бояд шукрона намуд, ки сарчашмаи ҳамаи ин дастовардҳо Истиқлолият аст.  Мардуми сарбаланду сулҳофарини тоҷик ба шукргузорӣ ва ифтихормандии афзун ин санаи фархундаро бо дастовардҳои беназир истиқбол мегирад. Бунёди як қатор иншоотҳои бузургу замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ, дармонгоҳҳои ҷавобгў ба талаботи муосир ва ѓайраҳо нишони пуштибонӣ ва дастгирии Ҳукумат аз соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳангу маданияти кишвар маҳсуб мегардад. Маҳз бо нерўи халқ бунёд гаштани нерўгоҳи азими Роѓун, ки минбаъд Тоҷикистонро нурофарину чароѓон месозад, натиҷаи ваҳдату ягонагӣ ва самараи Истиқлолият  ба ҳисоб меравад. Воқеан барои ояндаи дурахшон ва рузгори ободи хеш бояд ҳар яки мо ҳиссагузор бошем, то ки пешрафту тараққиёти кишвари соҳибистиқлоламонро наздик созем.

Муборак субҳи Истиқлоли тоҷик,

Шаҳодатномаи иқболи тоҷик.

Чу Истиқлол истиқбол гирад,

Ҳумоюн субҳи Истиқлоли тоҷик,

Таваҷҷўҳи рўзафзуни Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба пешрафти соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, такмили донишу малакаи ҷавонон, ҳар як фарзанди бо нангу номуси миллатро вазифадор месозад, ки дар ҷодаи такмили донишу маърифати хеш кўшиш намояд ва барои пешрафти ҳаёти ҷомеа саҳмгузор бошад.

You May Also Like..

Хатари умумиҷаҳонии экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Шукргузор аз онем, ки имрўз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, […]

Тагйиру иловаҳои қонуни танзим ба манфиати худи мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Мавриди зикри хос аст, ки тамоми тагйиру иловаҳои ба Қонуни танзим воридгашта комилан барои ҳимояи манфиатҳои худи аҳолии кишвар равона […]

Дар амалӣ сохтани нишондоду муҳтавои қонуни танзим ташаббускорӣ хоҳем намуд.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аминзода С.Р.

Дар тақвияти афкору андешоти ҳамрамақони хеш, ки дар ҳамин шумораи нашрияи «Паёми Душанбе» интишор мегардад, каминаи камтарин гуфтаниам, ки тағйироти […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *