Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Судҳои иқтисодӣ дар меҳвари истиқлолият ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ, баамалбарории адолати судӣ дар асоси баробарҳуқуқии тарафҳо ва мубоҳиса”

admin Хабарҳо

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бинои он дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сохтаву  мавриди истифода қарор гирифтааст бо иқдоми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи  “Судҳои иқтисодӣ дар меҳвари истиқлолият ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ, баамалбарории  адолати   судӣ дар асоси баробарҳуқуқии тарафҳо  ва мубоҳиса” доир гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ,  Маҷлиси намояндагон, Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, собиқадорони соҳа, олимони соҳаи ҳуқуқ, Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доштанд. Чорабиниро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ифтитоҳ намуда, таъкид доштанд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ дошта, азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд, заминаи асосии ободкориву кору пайкориҳои созандагӣ, нерубахши ҳаёти осоиштаи ҳамарузаи мо мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар лаҳзаҳои мушкилтарин идораи давлатро ба даст гирифта, давлатро аз вартаи фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофашон мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умед бахшиданд. Бо қадамҳои қатъӣ сулҳу осоишро таъмин карда, ҳадафҳои стратеги мамлакатро баҳри рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол муайян ва амалӣ намуда,  имрузҳо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ, амалисозандаи нақшаҳои азим баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои сокинони кишвар  эътироф гардидаанд.

Конститутсияи аввалини давлати соҳибистиқлол сохти давлатдорӣ ва самти пешбурди онро, тариқи эъмори ҷомеаи озоди демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.

Даврони Истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуда, бо қабули санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ ба ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, дар низоми судӣ судҳои конститутсионӣ, ҳарбӣ ва иқтисодӣ таъсис дода шуданд. Яъне судҳои иқтисодӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки даврони Истиқлоли давлатӣ дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҳокимияти судӣ ва ба таври васеъ ҷонибдорӣ намудани пешниҳодҳо вобаста ба ислоҳоти судӣ эҳсос мегардад. То ба имрӯз бо мақсади таъмини мустақилияти суд, такмили сохтори судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  Президенти мамлакат чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ (барои солҳои 2007-2010, солҳои 2011-2013, 2015-2017 ва солҳои 2019-2021) тасдиқ намуда,  дар сохтори судӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад. Дар ҷараёни  ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар баробари фаъолияти ҳокимияти судӣ таҳким бахшидани фаъолияти сохторҳои дигари давлатӣ мақсаднок шуморида, дар ин раванд, таъсиси як қатор сохторҳои давлатӣ аз ҷумла, аз тобеияти Вазорати адлия баровардани ҳокимияти судӣ, таъсиси институти   Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигарҳо амалӣ гардиданд.

 

You May Also Like..

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса

12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри […]

Ҷамъбасти натиҷаи озмуни “Беҳтарин судя ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ-ташвиқотчӣ”

Имруз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд  бо мақсади ҷамъбасти натиҷаи озмуни “Беҳтарин […]

Маҷлиси сайёри судӣ.- Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М ва котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Санаи 4– уми феврали соли 2021 соати 10:00 дақиқа дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Рудакӣ 3а, дар бинои БДА ҶТ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *