Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Омилҳо ва сабабу шароитҳои шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба терроризм ва экстремизим.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мо медонем, ки ҳоло ҷаҳони муосир ба хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ аст. Баъзе аз ин хатарҳо ба Тоҷикистон низ таъсир расонида метавонанд.  Хатари асосие, ки ҳоло ҷаҳони муосир ба он рӯ ба рӯ аст, ин аз нав тақсим шудани ҷаҳон миёни давлатҳои абарқудрат аст. Ҳадаф аз ин тақсимот ба даст овардани манбаъҳои табии замин ва дастрасӣ  ба захираҳои муҳими ашёи хоми он аст, махсусан нафту газ ва ғайра. Кӯшишҳои аз нав тақсим намудани ҷаҳон ҳанӯз баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гардида, то ба имрӯз идома доранд. Ҳоло ин раванд ҷаҳонро на танҳо ба буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ табдил додааст, балки боиси дигаргунии амну субот дар кишварҳои гуногун гардидааст.

Давлатҳои абарқудрат барои расидан ба мақсадҳои худ аз роҳҳои гуногун истифода мебаранд. Онҳо дар мамлакатҳои исломӣ аз эътиқоди динии мардум истифода мекунанд. Инчунин аз он дигаргуниҳое, ки дар мазҳабҳои ислом ба вуҷуд омадаанд, суистифода намуда, зиддиятҳо ба вуҷуд оварда, манфиат ба даст меоранд. Бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ғайрисуннатиро таъсис дода, онро  дар кишварҳои исломӣ паҳн месозанд. Мисли ҳизбу ҳаракатҳои  Салафия, Толибон, Ҳизб-ут-таҳрир, Ҷабҳат-ун-нусра, Ҳизби исломии Ӯзбекистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон. Чунин гурӯҳҳо дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ташкил шуда, барои ҳадафҳои манфиатхоҳон  истифода мешаванд. Он гурӯҳҳои ифротие, ки ба вуҷуд меоянд, бештар хусусияти ҷиноятӣ доранд. Дар чанд соли охир абарқудратҳо бо дасти чунин ҳизбу ҳаракатҳо кишварҳои зиёдеро ноором сохтаанд. Мушкилӣ дар он аст, ки гурӯҳҳои ифротӣ тавонистанд бо истифода аз шабакаҳои таблиғотӣ, хусусан интернет дар бисёр кишварҳои Осиёи Миёна фазо бисозанд ва пайравони худро пайдо намоянд. Онҳо мардумонеро, ки донишу ҷаҳонбинии саҳеҳ надоранд, бо сармоя ва аслиҳаи ҷангӣ таъмин намуда, гӯё ба роҳи ҳақ даъват менамоянд. Аммо дар асл чунин нест. Ифротгароӣ гумроҳист.

Мутаассифона,  баъзе аз ҷавонони кишвари мо низ пайрави чунин ҳизбу ҳаракатҳо шуданд. Ин раванд бисёр нигаронкунанда буда, омили асосӣ дар нооромии кишвар ва минтақа хоҳад гашт. Раванди мазкур солҳои пештар зиёд буд. Аммо аз таҳлилҳои охир маълум гардид, ки шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нисбат ба солҳои қаблӣ кам гардидааст.

Бояд зикр кард, ки имрӯз экстремизм ва терроризми диние, ки дар шакли «Давлати исломӣ» зуҳур кардааст, проблемаи глобалии ҷаҳонӣ аст. Ҳарчанд аксари давлатҳои ҷаҳон ин созмонро ниҳоди террористӣ эълон кардаанд, вале ҷои бисёр таассуф аст, ки ҳоло ҳам таъсиргузорӣ ва мағзшӯии мубаллиғонаш дар байни шаҳрвандони кишварҳои гуногуни ҷаҳон, алалхусус, ҷавонони  тоҷик идома ёфта истодааст. Кӯшишҳои бадном кардани мазҳаби суннатии ҳанафӣ аз тариқи расонаву сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ роҳандозӣ мешаванд.

You May Also Like..

Интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ аз худи мо вобаста аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

Ҳар шахси ҷомеапеш аз он ки ба ҳаёти мустақил қадам гузорад, бояд ҳамаҷониба омода бошад, яъне аввал хуб мулоҳизаву андеша […]

Қонуни танзим ҳимоякунандаи манфиатҳои иҷтимоии мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Фикр мекунам, соҳибдавлат будан ва мустақилияту худмухториро ба даст овардан ва ҳамзамон, дорои Конститутсияи хеш будан, барои аҳли ҷомеа ва […]

Аъмоли бадро ҷазои бад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Аз маъхазу сарчашмаҳо ва навиштаҳои адибону таърихнигорон бармеояд, ки дар давлатдории дунявӣ яке аз санад ё худ қонуни мазкур роҷеъ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *