Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Уҳдадории падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд.-Сардори шуъбаи коргузори ва назоратӣ суди иқтисодии шаҳри душанбе Абдураҳимзода М.Н.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндаги мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд хукук ва ухдадорихои баробар доранд, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон,  ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактаби шароит фарохам оваранд ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба тахсили у дар муассисахои тахсилоти миёнаи умуми монеъ нашаванд фарзандро бо воситахои зарурии таълими таъмин карда, барои таълими у шароити муносиб мухайё намоянд, ба фарзанди имконоти махдуди ҷисмони ва рухи доштаи худ барои тахсил кардан ва касбу хунар омухтан шароит мухайё сохта, иллати ҷисмони ва рухии уро пинхон накарда, дар сурати набудани шароит барои таълими фарзанд ба муассисахои дахлдори давлатии сохаи маориф, тандурусти ва хифзи иҷтимоии ахоли муроҷиат намоянд аз вазъи фарзанде, ки дар мактаб-интернатхо ва дигар муассисахои махсусгардонидашуда, новобаста ба шакли ташкилию хукукии онхо, таълиму тарбия мегирад, хабардор шуда, бо чунин муассисахо хамкори намоянд ва раванди таълими фарзандро дар ин муассисахо зери назорат гиранд.

Донишандузи ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омузгорон, хайъати кормандон ва рохбарияти муассисаи таълими оид ба таълими фарзанд мунтазам хамкори намоянд, дар мачлисхои падару модарон ва дигар чорабинихои мактаби бо даъвати маъмурият тибки талаботи оинномаи муассисаи таълими ва дигар санадхои меъёрии хукуки иштирок намоянд таълими фарзандро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии макомоти ваколатдори давлати иҷозат надиханд. Максади Конуни мазкур пурзур намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рухияи инсондусти, ифтихори ватандори, эхтироми арзишхои милли, умумибашари ва фарханги, инчунин хифзи хукуку манфиатхои фарзанд мебошад. Падару модаре, ки вобаста ба вазъи саломати ва моддиашон наметавонанд ухдадорихои худро оид ба таълиму тарбияи фарзанд кисман ё пурра иҷро намоянд, аз тарафи макомоти иҷроияи махаллии хокимияти давлати ба табобат фаро гирифта, бо кор таъмин карда мешаванд. Пас вазифаи аз ҳама асосии мо фарзандонамонро дар роҳҳи одоби рост парвариш намоем, волидайн ва тамоми сохторҳои давлати  нисбат ба  насли наврас ва ояндаи давлат дастаҷамъона дар пешрафти давлат саҳмгузорбошанд.

You May Also Like..

Хатари умумиҷаҳонии экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Шукргузор аз онем, ки имрўз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, […]

Тагйиру иловаҳои қонуни танзим ба манфиати худи мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Мавриди зикри хос аст, ки тамоми тагйиру иловаҳои ба Қонуни танзим воридгашта комилан барои ҳимояи манфиатҳои худи аҳолии кишвар равона […]

Дар амалӣ сохтани нишондоду муҳтавои қонуни танзим ташаббускорӣ хоҳем намуд.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аминзода С.Р.

Дар тақвияти афкору андешоти ҳамрамақони хеш, ки дар ҳамин шумораи нашрияи «Паёми Душанбе» интишор мегардад, каминаи камтарин гуфтаниам, ки тағйироти […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *