Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забон-муаррифгари миллат мебошад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Қаноатзода О.Р.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо – Эмомалӣ Раҳмон мо соҳибзабононро пайваста баҳри посдории асолати забону фарҳангамон даъват намуда. дар суханрониҳои худ хирадмандона зикр намудаанд: «Дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандони  моро надорад. Мувофиқи маълумоти коршиносон дар ҷаҳон ҳоло наздики ҳафт ҳазор забон мавҷуд аст, ки 90 дар сади онҳо эҳтимолияти дар ояндаи наздик аз байн рафтанро доранд. Дар нимаи дуюми солҳои 80-ӯми асри ҶҶ баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа дар Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ Ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократӣ ба миён омаданд. Сиёсати ошкорбаёнӣ имконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шуравӣ оид ба масъалаи баробарҳуқуқии миллатҳои ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима шаванд.

Дар Тоҷикистон масъалаи асосӣ муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа гардид. Бояд гуфт, ки дар давоми солҳои 1965-1985 масъалаи мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа ягон маротиба дар сатҳи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор нагирифта буд. Истифодаи забони тоҷикӣ асосан дар гуфтугузори кучагиву дохили оилавӣ ба назар мерасид. Ин муаммои ҷамъиятӣ боиси эҳё гардидани ҳисси миллии халқи тоҷик гардид. Дар ҳамаи гушаву канори мамлакат мардум дар маҷлисҳо, ба воситаи матбуот, оинаи нилгун ва радио андешаҳои худро оид ба мақоми забони тоҷикӣ баён менамуданд. Гарчанде, баъзеҳо талаб мекарданд, ки дар баробари забони тоҷикӣ ба забони русӣ ҳам мақоми давлатӣ дода шавад, вале аксарият ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда пешниҳод мекарданд, ки дар ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад.

Баргузории рӯзи забон 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рузи забон» ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”-ро қабул кард. 5 октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни номбаргардида он ба амал даромад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рузҳои ид”, таuйирот даровард ва рузи 5 октябр – Рузи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Тайи ҳазорсолаҳо шоирону муттафакирон, олимону донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Рудакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Дақикӣ, Саъдиву ҳофиз ва ҳилоливу Бедил бо ин забони нобу беолоиш асарҳо эъҷод кардаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошанд. Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорї ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгари миллат мебошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *