Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.-Раиси суди иқтисодии шҳари Душанбе Абдуллозода З.Ф.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар асоси моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз муқаррароти мазкур бармеояд,ки давлати иҷтимоӣ, давлатест,ки барои беҳтарнамоии шароити зиндагии ҳар як узви ҷомеа саҳмгузор мебошад. Ҷиҳати таъмини иҷроиш ва бо мақсади мусоидат намудан барои дар амал татбиқ гардидани меъёри мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санаи 8 июни соли 2007, таҳти № 272 қабул гардида, бахшида ба 10 солагии қабули Қонуни мазкур ба он санаи 28 агусти соли 2017 тағироту иловаҳо ворид карда шуд. Бояд қайд намуд,ки то қабули Қонун дар баргузории ҷашну маросимҳо харҷу сарфи маблағҳои зиёд,куштани зиёди чорво роҳ дода мешуд,ки ҳаммаи ин ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардад. Бо назардошти ин, Сарвари давлат, ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд,ки роҳи ягонаи харчи зудтар халос кардани мардум аз ин хароҷотҳои сахту сохта, қабули қонун аст.

Ҳамин буд,ки бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ ва дастгирии мардуми Тоҷикистон, Қонуни миллӣ, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.   Мувофиқи муқаррароти Қонун, мақсади қабули он бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну мароимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Қайд кардан ба маврид мебошад,ки мақсади Қонун аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ,ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Гузашта аз ин, Қонуни мазкур ҷиҳати бартарафсозии хароҷоту масрафҳои зиёдатӣ Қонун аҳамияти калон мебозад, зеро танҳо бо роҳи танзимсозии ҷашну маъракаҳо мо метавонем, рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро густариш дода, шарту шароити зиндагии мардумро беҳтар намоем. Барои бисёриҳо равшан аст, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросим дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи басо тӯлонӣ дорад ва нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли наврас хело бузург мебошад. Таҳлилҳо собит менамоянд,ки ғолиб омадани ҳирсӣ манманӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ тадриҷан ба манбаи хатари азим ба иқтисодиёти оила ва ҷомеа мубаддал гардида буд. Таъиноти муҳими маъракаҳо на адои вазифаҳои волидайн дар назди фарзандон, зоҳирпарастию худнамоӣ ва мусобиқаи беҷои соҳибони маъракаҳо маҳсуб мешуд. Аксарият фикр мнамоянд,ки чунин мушкилиҳо аслан оилавӣ буда, ба давлат ва ҷомеа иртиботе надорад.Аммо, ин андеша комилан нодуруст буда саодатмандию ободии ҷомеа аз саодату ободии ҳар як шаҳрванд ва оила вобаста мебошад.Давлати иҷтимоию адолатпарвар ҳаққи маънавӣ надорад,ки нисбат ба чунин масъалаҳои муҳим бетаваҷҷӯҳ бошад.

Аз ин лиҳоз, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои тараққиёти ҷомеа нақши хеле муассир дорад. Қайд кардан ба маврид мебошад,ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, пас аз он,ки санаи 8 июни соли 2007 мавриди амал қарор гирифт, ба муносибати 10 солагии қабули он санаи 28 агусти соли 2017 ба як қатор моддаҳо  тағироту иловаҳо ворид карда шуд. Дар моддаи 1,2 ва 3 Қонун мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур, мафҳумҳои асосӣ ва Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ба танзим дароварда шуда, моддаи 4 бошад мақомоти ваколатдоре,ки иҷрои талаботи қонунро таъмин менамояд, муқаррар намудааст. Дар моддаҳои 5, 5 иловаи 1 ва моддаи 6 масъалаи фаъолияти Комиссияҳои доимии маҳаллӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, ваколати мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ ба танзим дароварда шудааст.

Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд.Низомномаи комиссияҳои доимии маҳаллиро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот тасдиқ мекунанд. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Қайд кардан ба маврид мебошад,ки дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ,ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. Дар боби 3-и Қонун, танзими ҷашну маросими расмӣ ва оилавӣ ба танзим дароварда шуда, масъалаи ҷашнгири ва гузаронидани ҷашнҳои расмӣ, зодрӯз, хатнасур, тӯйи домодию арӯсӣ, маросими дафну азодорӣ, маросими ҳаҷ ва ҷои баргузории ҷашну маросим муқаррар гардидааст.

Дар боби 4-и Қонун масъалаи танзими хизматрасонӣ дар ҷашну маросим дарҷ гардида бошад, дар боби 5 масъалаи ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст.Чунончӣ мувофиқи қисми 1 моддаи 15-и Қонун масъалаи ба ҷавобгари кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур муқаррар гардида, тибқи қисми 2 бошад масъалаи ба ҷавобгари кашидани шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура ва дигар сохтору мақомотҳо пешбинӣ карда шудааст.

Аз қисми 2 моддаи 15 Қонун дида мешавад,ки аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормадони мақомоти прокуратура, амният,корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд. Дар охир қайд кардан ба маврид мебошад,ки то имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар пешравии иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат аҳамияти беназири худро расонд, мардумро аз зиёдаравии хароҷоти зиёдатӣ нигоҳ дошт.

You May Also Like..

ПАРЧАМИ МИЛЛИИ МО-ТОҶИКОН:-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозада С.Т.

Мавриди зикри хос аст, ки Парчам ва парчамдорӣ ҳанӯз пеш аз мелод дар китоби “Авасто” зикр гардида, баъдан дар “Шоҳномаи”-и […]

ПАРЧАМ- РАМЗУ ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ:-Судяи Суди иқтисодии Шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

МИЛЛАТИ ТОҶИК ФАРҲАНГОФАРУ ДАВЛАТСОЗ БУД ВА ҲАСТ. Миллатҳое, ки имрӯз қутратро  ба даст овардаанд, аз миллати тоҷик сабақи давлатдорӣ ва […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *