Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон вобаста ба ҷанбаҳои стратегии давлатдори.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Қаноатзода О.Р.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҷанбаи геополитикӣ: яке аз нуктаҳои муҳим ва ҷолиби Паём аз он иборат аст, ки дар ин ҳуҷҷати муҳим, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид мешавад. Аз Паёми навбатӣ метавон хулосаи мантиқӣ намуд, ки қадамҳои асосии рушди давлати Тоҷикистон дар тӯли даҳсолаҳои охир дар самти дуруст гузошта шуданд — ваҳдати миллат таъмин карда шуд ва намояндагони тамоми ҷомеа дар таҳияи самти рушд ҷалб карда шуданд, ки ин ба рушди сулҳомези кишвар имкон фароҳам овард. Маҳз ин ҷанбаҳо кафолати он буданд, ки Тоҷикистон тавонист дар даврони тағйироти геополитикии пуршиддат ҳамчун давлати соҳибистиқлол боқӣ монд. Президенти кишвар қайд менамоянд, ки ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, тоҷикон тавонистанд бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, тақвият бахшанд.

Аз Паёми навбатӣ баромеояд, ки Тоҷикистон минбаъд низ ин сиёсатро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд.Чуноне ки Президенти Тоҷикистон қайд карданд, «рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад.” Албатта Осиёи Марказӣ дар соли 2020 яке аз макони бархурди манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо боқӣ мемонад. Дар чунин шароит ҳифзи манфиатҳои миллӣ яке аз шартҳои таҳкими истиқлоли сиёсии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ваҳдати миллӣ ва фаъолияти пурсамари сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд.Қобили тазаккур аст, ки  роҳбари кишвар дар мавриди вазъи минтақа суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад барои Осиёи Марказӣ оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад. Аз ин рӯ  Президенти  Тоҷикистон дар Паёми худ таъкид менамоянд, ки “авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд”.

Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.Роҳбарияти Тоҷикистон боз як бори дигар  таъкид менамояд, ки тақдири Афғонистон ва роҳи ояндаи онро бояд худи мардуми ин кишвар ҳаллу фасл ва муайян созанд.Ба ин манзур, тоҷикон аз ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон истиқбол менамоянд ва умед доранд, ки талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард. Ҷанбаи геостратегӣ: Дар Паёми навбатӣ махсус таъкид гардид, ки Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманд дорем, идома хоҳад дод.

Дар ҳақиқат шаҳри Душанбе имрӯз бо шарофати  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба маркази баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст.Соли 2020 раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истамбул оид ба Афғонистон оғоз мешавад. Ҳамчунин ҷиҳати идомаи раванди мазкур ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон, муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва экстермизми хушунатомез ва дигар проблемаҳои глобалӣ  фаъолона дар  чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок хоҳад кард. Ин самти геостратегии   фаъолияти  ҳукумати Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *