Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Паём – рамзи ифтихор дар роҳи Ватандўстиву Ватандорӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳамасола дар кишвари азизамон Xумҳурии Тоҷикистон Паёмҳои навбатии Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, ки дар навбати худ  масъалаҳои мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ва давлатро фаро гирифта, барои ҳалли саривақтии он чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Паёми навбатии имсолае, ки дар таърихи 26 январи соли 2021 баргузор гардида буд, дар саҳифаи таърих бо ҳарфи заррин навишта мешавад. Зеро, ки ба ҳамагон маълум аст, имсол дар саросари кишварамон Xумҳурии Тоҷикистон, Xашни бошукўҳи таърихӣ, яъне 30 солагии Истиқлолияти давлатии Xумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва аз он шаҳодат медиҳад, ки дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии давлати тоҷикон, сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат рушд карда, Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол  мешиносанд ва мепазиранд.

Иқтисодиёти мамлакат ин яке аз асосҳои пойдориву густариши давлат ба ҳисоб рафта, калиди рушди ин пеш аз ҳама ҷавонони соҳибтаҷрибву кордон мебошад. Рушди саноат иқтисодиётро ғанӣ гардонида, руҳияи иҷтимоии мардумро беҳтар мегардонад. Ҳадафҳои стратегие, ки Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд намуданд, чорум ҳадаф ин саноатикунонии кишвар мебошад. Аз Паёми имсола бармеояд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки ин боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид. Мо барои шукуфоии кишварамон саҳми арзандаи хешро гузорем ва Паёми Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун раҳнамои зиндагӣ мавриди истифода қарор диҳем. Паём ин рамзи ифтихор дар роҳи Ватандўстиву Ватандории миллати тоҷик маҳсуб мегардад.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *