Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар паст кардани сатҳи коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Коррупсия ба ҷиноятҳои иқтисодӣ дохил гардида, оқибати нохуш дошта, таъсири манфиати хешро ба ҷамъият мерасонад. Ҳарчанд, ки дар ҷумҳурӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта  қабул ва мавриди амал қарор дошта бошад ҳам, вале ҳанӯз ҳам дар ҷомеа амалҳои коррупсионӣ ҷой дорад. Аз соли 2004 инҷониб ҳамасола дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия қайд карда мешавад.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, дар масъалаи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ  ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот, як силсилаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонидааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид намудаанд: “Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад.

Барои мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб ҳоло дар кишвар тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намояд”. Дарвоқеъ мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан бо зуҳуроти номатлуби коррупсия, аввалан, аз сохторҳову масъулини марбута, сипас аз аҳли ҷомеа зиракиву ҳушёрӣ ва эҳтиром ба қонунгузориро талаб менамояд. Ба қавли Роҳбари давлат, истифодаи мақсадноки боигарии маънавии мардуми мо яке аз воситаҳои асосии мубориза бо коррупсия ба ҳисоб меравад, ки шаҳрвандон, бахусус ҷавононро ба шукру қаноат ва ҳалолкориву меҳнатдӯстӣ ҳидоят менамояд. Аз ин рӯ набояд фаромӯш кард, ки мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки ҳар фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оваранд.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *