Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ПАРЧАМИ МИЛЛИИ МО-ТОҶИКОН:-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозада С.Т.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мавриди зикри хос аст, ки Парчам ва парчамдорӣ ҳанӯз пеш аз мелод дар китоби “Авасто” зикр гардида, баъдан дар “Шоҳномаи”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар достони “Коваи оҳангар” қисса шудааст…

Коваи оҳангар аз кушта шудани ҷавонон ва хусусан фарзандони худ ба шӯр омада, бар зидди Заҳҳок бархост, пешбанди худро сари найза барафрохта, парчам намуд ва зери он мардуми ба шӯр омадаро то дарбори он шоҳи золим бурд. Парчами Кова минбаъд “Дирафши Ковиёнӣ” ном гирифт ва чун рамзи мубориза барои озодӣ аз банди зулму истибдод шинохта шуд.

Ҳамзамон ин амри таърих аст ва ҳамагон ба хуби медонанд, ки дар раванди таърихи ҷаҳонӣ ҳамаи он қавму миллатҳое, ки майлу рағбат ба мустақилият доштанд, кӯшиш мекарданд, ки дигаргуни ва сирф истиснои будани худро дар байни оммаи дигари мадум ба куллӣ нишон диҳанд. Ин кӯшишҳои худро онҳо бо нишон додани забон, фарҳанг, расму одат ва дигар падидаҳо инъикос менамуданд. Ба қатори ин воситаҳои фарқкунии Парчам низ дохил мешуд, ки ин ҳам бошад тасодуфӣ нест.

Аз як нуқтаи назар ин ашё ба ҷуз аз як пора матоъ чизе набуд, аммо вай дар худ як фалсафаи бузургер таҷассум мекард. Зеро бо он як қавми алоҳида, гурӯҳи одамон ва халқу миллте худро аз дигарон фарқ мегузоштанд. Бо ин як пора матоъ онҳо ба ҳамаи ҷаҳониён нидо мекарданд, ки мо ба мисли дигарон нестем ва ин як пора матоъ онҳоро мутаҳид менамуд. Ҳатто,  дар давоми ҷангҳои шадиду хонумонсӯзи гузашта  ва ҳозира ҳам низомиён парчамро ҳамчун мояи ғурур ва ифтихор бо худ ба майдони ҷанг оварда, онро бо ивази ва ё қарзи ҷони худ ҳимоя мекунанд ва аз даст додани он дар майдони ҷанг ҳамчун кирдори бахшиданашаванда арзёби мегардад…

Бале, Парчам муқаддасоти миллӣ маҳбус ёфта, ифодагари соҳибистиқлолӣ, соҳибватании ҳар халқу миллат мебошад. Эҳтирому арҷ гузоштан ба Пачам ин дуст доштани Ватан, эҳсоси масъулият дар назди Ватан буда, дар зери он саф кашидани нишонаи ҳамеша ба дифои марзу бум омода будан  ва ҳифз намудани музаффариятҳо мебошад.

Дар бисёр навиштаҳои муаллифон дар маҷаллаю рӯзномаҳо ин маъни таъкид мегардад ва каминаи камтарин низ бо масъулияти баланд иброз медорем, ки худи калимаи парчам аз рӯи фараҳангномаҳои муосир ва вожаи суғдии “парчам” гирифта шудааст ва маънояш  “зулф ё кокул” мебошад.  Ҳамчунин зери ин мафҳум пӯпаки абрешимие фаҳмида мешуд, ки онро бар сари дирафш ё найза мебастанд. Аввалин навиштаҳо оид ба истифодаи дирафш дар қавми ориёӣ  ба навиштаҷоти қисми аавали китоби Авесто “Виндевод” рост меояд. Ҳамчунин яке аз куҳантарин  нишону намои давлатдории тоҷикон парчаме бо номи “Дирафши Ковиёнӣ” будааст, ки онро  бо гуфти Фирдавсии бузург Коваи оҳангар ҳангоми мубориза бо қувваҳои бад дар сари найзаи хеш бастааст.

Дар Аврупо анъанаи истифодаи Парчам танҳо  аз асрҳои 12-13 дар Англия ва Фаронса оғоз гардида дар он ҷо бештар афзалият ба истифодаи он нишон дода мешуд. Дар давраи асри миёнагӣ ҳатто, ҳар як хонадони ашрафзода нишони авлодии фарқкунандаи худро дошт…

Расму оин ва анъанаҳои неку чандинасраи худро идома дода, миллати тоҷик низ ҳамчун як миллати мустақил баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ санаи 24-уми  ноябри соли 1992 Парчами давлатии худро қабул намуд. Баъдан  санаи 24-уми ноябри соли 2009 аввалин маротиба ҷашни умумимиллӣ-Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд  ва ин анъанот то ба имрӯз дар сатҳи хеле баланд ҷараён дорад…

Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ чунин зикр намуда буд:  “Дар ҷаҳони муосир ҳар ак давлати мустақил соҳибихтиёр тавассути парчами хеш муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангии маънавии миллӣ ва гузашта  аз ин, эҳтироми миллат ба давлату давлатдорӣ мебошад”.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *