Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Парчам рамзи Истиқлолияти миллӣ:-Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳар як кишвар аз қадимулайём нишонаҳои давлатдории худро дошту дорад , ки ин ҳамчун муқаддасот дар сохтори давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчами миллӣ низ яке аз муқаддасот аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан , хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст. Парчам бо сифати рамзи давлату миллат аз рўзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.

Дирафши ковиёнӣ – парчами давлатии шоҳони қадими точикнажод аз Пешдодиён то Сосониён машҳур буд. Баъзе таърихнигорон нахустин парчами миллии мо, яъне Дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистанд , ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармини оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод.

Тоҷикистони азиз ҳам баъди соҳибистиқлол гаштан ба масъалаи парчами миллӣ диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати қабули рамз , нишон ва парчам як қатор тадбирҳо андешид. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат , Призеденти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон 24- ноябр Рўзи Парчами далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст. Минбаъд ҳамасола дар кишвар 24- ноябр ҳамчун Рўзи Парчами миллӣ таҷлил карда мешавад , ки чунин иқдом нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар рўҳияи худшиносӣ тарбия кардани насли наврас аст. Вақте ки парчами давлати соҳибистиқлоли мо дар чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ бардошта мешавад, моро ҳиссиёти волои ватандўстӣ фаро мегирад. Парчами миллӣ мазмуни амиқи фалсафӣ дошта , он ҳадафҳои худро таҷҷасум менамояд. Мо роҳи тўлонии таърихро тавассути ҷоннисориҳои фарзандони арҷманди диёр тай кардем, ки ин маънӣ аз ранги сурхаш бар меояд. Ҷавҳари миллати куҳанбунёди миллати моро озодагӣ, маънавият ташкил медиҳад ки ин ишора ба ранги сафеди парчам аст. Заҳмати созандаву ободкорӣ беҳтарин фазилати мардуми мост, ки ин ишора ба ранги сабзаш мебошад.

Бо ин мақсад соли 2011 баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр дар пойтахти Ҷумҳурии азизамон – Душанбе қомат афрохт , ки ин нишони арҷгузорӣ ба гузаштаи миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. Имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *