Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ПАРЧАМ- РАМЗУ ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ:-Судяи Суди иқтисодии Шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

МИЛЛАТИ ТОҶИК ФАРҲАНГОФАРУ ДАВЛАТСОЗ БУД ВА ҲАСТ. Миллатҳое, ки имрӯз қутратро  ба даст овардаанд, аз миллати тоҷик сабақи давлатдорӣ ва парчамдорӣ омӯхтаанд, ки аз ин бояд фарзанди тоҷик фахр намояд.

Таърих гувоҳ аст ва пешиниён низ боисрор таъкид менамоянд, ки парчамдорӣ эҷоду бунёди мардуми тофику форсу буда, пеш аз ҳама, ҳастии миллат ва давлатдориро муайян мекард. Тӯли таърихи гузашта давлатҳои Ҳахоманишҳо, Ашкониён, Сосониён, ва Сомониён ҳар яке парчамдор буданд.

Парчам рамзи давлат, номус ва нанги миллат аст. Тоҷикон дар ҳайати  Бухорои шариф   ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ парчами худро дошданд. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот  ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор дорад.

Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардрон пеш-пеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишонаи шиксту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Ин калима ба ин маънӣ дар адабиёти гузаштаи мо корбурди фаровон дорад.

Аз ҷумла, мегӯянд, ки чун овозаи ҳамлаи лашкари муғул ба Хоразм  расид , хоразмиён ба пеши орифи маъруф Шайх Наҷмиддини Кубро, ки дар он айём муқими Хоразм буд, омаданд ва гуфтанд,  ки Шайх дуо кун ва ин балоро аз сари мо рафъ соз.  Шайх гуфт, ки ин балои бузург аст ва рафъи он ба дуо наметавон кард. Пас гуфтанд, сари худ гиру бо муридон аз Хоразм берун шав, ки кофарони муғул чун ба Хоразм пирӯз шаванд турову муридони туро амон нахоҳанд дод. Шайх Наҷмиддини Кубро гуфт, ки ман дар рӯзи шодию нишот ҳамроҳи мардум будам, дареғам ояд,  ки дар рӯзи сахти мардум аз Хоразм берун равам.

Гуфтаанд, ки чун лашкари муғул ба Хоразм ҳамла кард, Шайх аз нахустин касоне буд, ки домани худро аз санг пур карда ба ва ҷанги муғул бархост. Чун сангҳои доманаш ба охир расид аз дасти парчамбардори муғул парчами муғулро кашида гирфт. Лашкари  анбуҳи муғул ба сари шайх рехта , ӯро куштанд ва ҳафт сарбози муғул  ба душворӣ панҷаи шайхи шаҳидро боз карда, парчами худро берун оварданд. Аз он, ки Мавлоно мегӯяд  “Дар дасти дигар парчами кофар дорем”, ишора ба ҳамин парчами муғул аст. Ниёгони мо ҳамчунин ба маънии “парчам”  бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд. Дирафши ковиёнӣ – парчами давлатии шоҳони қадимии эронинажод, аз Пешдодиён то Сомониён буд. Бархе муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне дирфши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд,  ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳок бархост ва пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчами муборизаи  дод бар бедод қарор дод…

Ҳамин тариқ Парчами миллӣ имрӯз чун давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷудаст.

Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати  Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастти миллат аст.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *