Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Парчаму парчамдории халқи мо таърихи қадима дошта, аҷдодонамон аз ибтидои тамаддуни башарӣ соҳиби рамзу нишони худ буданд. Дар ин миён Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус буд. Бозёфтҳои таърихӣ, ҳарфиёту навиштаҷот ва деворнигориҳои гуногун, ки то замони мо ба мерос расиданд, далели ҳамин гуфтаҳост. Ба пайдоиши парчам дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик муттафакирону адибони зиде ишора карданд, ки муҳимтарини онҳо Абдулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ин муттафакири барҷастаи тоҷик пайдоиши парчамро ба муборизаи Коваи оҳангар алайҳи истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. Дар асри 20 дар баробари Парчами давлати Шӯравӣ, Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ парафшон буд. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар як ҷумҳурии аъзои он мебоист, ки парчами ягонаи худро қабул кунанд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи баргузории чорабиниҳои идона ба муносибати 15-умин солгарди қабулгардии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад. Аз ҳамон сол инҷониб, мардуми шарафманди тоҷик ҳар сол 24 ноябрро ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ  дар фазои сулҳу ваҳдати комил ҷашн мегиранд. Воқеан, Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои давлату миллат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди равшанзамири ин Ватани биҳиштосоро зарур аст, ки нисбат ба рамзҳои давлатӣ, алалхусус Парчами давлатӣ эҳтироми зиёд дошта бошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *