Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Паёми раҳнамосоз.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Санаи 26 декабри соли 2021 чун ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эсомалӣ Раҳмон Паёми худро ба вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Дар Паёми худ Президенти кишвар вобаста ба вазъияти солҳои навадуми қарни гузашта ёдовар гардида, қайд намуданд, ки дар оғози солҳои наваду асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон ба фитнаву дасисаҳои  нерӯҳои ифротгарои дохидӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва ҳисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид.  Дар ин айём, дар фурсати бисёр кутоҳ аркони давлатдорӣ ва сохторҳои мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд.

Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар  ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд,  Иҷлосияти тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри  бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ  қабул карда шуданд.Бояд гуфт, ки сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид.

Президенти кишвар ҳамасола дар Паёмҳои худ вобаста ба марҳилаи озмоиши бисёр сахту сангини  таърихӣ ёдовар гардида, масъалаи  тарбияи дурусти насли наврасро дар рӯҳияи Ватандустиву хештаншиносӣ  ва дар ин замина эҳёи тафаккури миллӣ, фарҳангу тамаддуни ниёгонро ҳамчун воситаи муассири худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии нави миллӣ, ки халқу миллатро аз тариқи ваҳдату ягонагӣ ба пешрафтҳои азим хоҳад расонд, таъкид менамоянд.

 

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *