Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо-танзимгари расму оинҳо ва пешгирӣ исрофкорӣ.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» моҳияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расида, мақсад аз он ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда дар онҳо буд, то иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад. Барои дарк кардани нақши бузурги иҷтимоиву иқтисодии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», қабл аз ҳама мо бояд вазъи татбиқёбии анъана ва ҷашну маросимҳои сершумори милливу динии тоҷикон дар солҳои охирини замони шӯравӣ ва давраи то қабул шудани ин қонун дар замони истиқлолиятро ба хотир оварем. Масалан, чӣ тавре ки дар хотир дорем, дар он даврони сипаришуда анъана ва ҷашну маросимҳои милливу динӣ ба ҳадде зиёд буданд, ки мардум намедонист кадоме аз онҳоро иҷро кунад.

Илова бар ин, баъзе анаъна ва ҷашну маросимҳо бо унсурҳои зиёди хурофотӣ ва бо дину фарҳанги миллии тоҷикон бегона то ҳадде олуда шуда буданд, ки аз ҳам ҷудо кардани унсурҳои худӣ ва бегона, зарурӣ ва нолозим дар таркиби онҳо хеле мушкил буд. Инчунин, аксарияти кулли анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо ба таври стихиявӣ ва бетартибона татбиқ мешуданд. Ҳатто, бархе аз онҳо, масалан, ҷашни хонадоршавӣ, барои бархе аз мардуми доро ба як маъракаи худнамоӣ табдил ёфта буданд. Масалан, дар ҷашнҳои арӯсӣ истифодаи теъдоди зиёди мошинҳо, бо маблағи калон даъват намудани сарояндаҳои номдор, харҷи зиёди анвои нӯшокиву хӯрок, пулчаспониҳо ба ҳукми анъана даромада буданд, ки аслан ба ғайр аз намоишкорӣ ва исрофкории бемаънӣ маъно ва моҳияти дигаре надоштанд.

То қабули қонун маросимҳои мотаму азодорӣ низ тадриҷан моҳияти аслии худро гум карда, дар бисёр маврид хароҷоти онҳо аз хароҷоти ҷашни хонадоршавӣ камтар не, балки зиёдтар буд. Зери ин намоишкориҳо бошад, миёни хамзадаи соҳиби маърака ва қарзҳои гирифтаи ӯ ноаён мемонд. Танҳо пас аз гузаштани маърака камбағалию тангдастӣ якҷо бо дигар мушкилиҳои рӯзгор бо соҳибхона даст ба гиребон мегардид.  Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуданд, ки то баргузории машварати умумиҷумҳуриявӣ (24-уми майи соли 2007) тамоми хоҳишу дархост ва оид ба чӣ гуна гузаронидани урфу одатҳои миллӣ фикру андешаҳои худро ирсол намоянд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳодоти муфид ирсол гардид ва аксарияти аҳолӣ иқдоми танзими анъанаҳои мардумӣ ва миллиро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар 24-уми майи соли 2007 оид ба масъалаи танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ сухан ронда, гуфта буданд: «Қисме аз мардуми мо, ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будани худ, дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад». Зарурати дигари қабули қонун ин зиёдгардии маросимҳои барои фарҳанги мо бегона ба ҳисоб меравад. Чунки анъанаву маросимҳо ҷузъи фарҳанги ҳар як умумияти этникӣ ба ҳисоб рафта, миллатҳоро аз ҳам фарқ мекунонад. Ҳар як миллатро тавассути унсурҳои фарҳанги миллии худ мешиносанд. Қонун номгӯйи маросимҳои хусусияти сирф миллӣ ва динидоштаро нигоҳ дошта, аз маросимҳои характери хурофотидошта ва барои фарҳанги мо бегона даст кашид. Ҳамзамон ёдовар шудан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст.

Ҳангоми қабули қонун шахсони ваколатдор ва мутасаддӣ кӯшиш намуданд, ки анъана ва ҷашну маросимҳои характери миллӣ доштаро аз маросимҳои аз фарҳанги миллатҳои ғайр ба мо ворид гашта ҷудо намоянд. Масъалаи асосие, ки ин ҷо қайд кардан лозим аст, ин аст, ки бо назардошти он ки зиёда аз 95 фисади аҳолиро мусалмонон ташкил медиҳанд ва аз ин лиҳоз ҳангоми қабули қонун баъзе падидаҳои хурофотие, ки аз дини ислом ва махсусан пайравони мазҳаби ҳанафия бегона буданд, ба назар гирифта шудаааст. Яъне қонун дар асоси талаботи мусалмонони кишвар таҳия ва қабул гардида, бо таълимоти мазҳаби ҳанафия ягон ихтилоф надорад. Баръакс анъанаву маросимҳое, ки хусусияти хурофотӣ доштанд аз байн бурда шуда, баргузории баъзеи онҳо комилан манъ гардид. Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт.

You May Also Like..

Интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ аз худи мо вобаста аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

Ҳар шахси ҷомеапеш аз он ки ба ҳаёти мустақил қадам гузорад, бояд ҳамаҷониба омода бошад, яъне аввал хуб мулоҳизаву андеша […]

Қонуни танзим ҳимоякунандаи манфиатҳои иҷтимоии мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Фикр мекунам, соҳибдавлат будан ва мустақилияту худмухториро ба даст овардан ва ҳамзамон, дорои Конститутсияи хеш будан, барои аҳли ҷомеа ва […]

Аъмоли бадро ҷазои бад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Аз маъхазу сарчашмаҳо ва навиштаҳои адибону таърихнигорон бармеояд, ки дар давлатдории дунявӣ яке аз санад ё худ қонуни мазкур роҷеъ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *