Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Паём нишонаи рушди давлат ва фарҳанги миллии тоҷикон.-Котиби суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 21 декабри соли 2022, Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Xумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳимми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баррасӣ карда шуданд.

Таърих ҳамавақт гувоҳ аст, ки солҳои навадуми асри гузашта барои мардуми тоҷик солҳои басо вазнин буд. Мардум аз оташ ва алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳамеша дар ҳарос буданд ва ягона роҳбари хирадманду дурбине, ки пайдо ин ҳам бошад, Пешвои миллатамон мебошад, ки бо чунин қаҳрамониашон на танҳо миллатро аз паркандагӣ наҷод бахшид, балки дубора собит намуд, ки миллати тоҷик то ҳол зинда ва дар пайи сулҳу оромист.

Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон бори дигар хотирнишон намуданд, ки “Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, ки дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ѓайриимкон буд, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷанги хунрезӣ, таъмин намудани субботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохтӣ конститутсонӣ қабул карда шуданд.”

Иҷлосияи тақдирсоз Иҷлосияе буд, ки дар он Rонунҳои Xумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парчами давлатии Тоҷикистон” , “Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Xумҳурии Тоҷикистон” қабул гардиданд ва фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари мақоми олии қонунгузории кишвар ва Раёсати олии мамлакат бо тасдиқи ду рукни муқаддаси давлатии навини тоҷикон ва бо табрикоти гарму ифтихорангези Эмомалӣ Раҳмон оѓоз ёфт, ки рамзе амиқу пурмаъно дошт.

Дар давраи нав сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ басо мушкил буд. Ба ҳар кас муяссар намегардид, ки мардумро ба роҳи осоиш даъват намояд ва ин чи қадар мушкил буд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда бо шуҷоату мардонагӣ тавонист, ин марди тоҷик мардумро аз партави ҷанг наҷот бахшида, онҳоро аз давлатҳои ҳамсоя, хусусан Афѓонистон ба Ватан баргардонад ва ба онҳо дубора тинҷиву амонӣ ва озодӣ бахшад.

Паём ин хирад аст. Хиради Пешвои миллат аст. Xавонон бояд донанд, ки идоранамоии давлату миллат аз онҳо вобастагии зич доранд, ҳушёриву зиракии сиёсии мо ҷавонон дар тинҷиву амонӣ ва рушду нумўи кишвар басо муҳим аст.

Паём ин сарчашмаи ояндасозии давлату миллат аст.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *