Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Паём-раҳнамои рушди Ватандўстиву Ватандорӣ.-Котиби суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Санаи 21 декабри соли 2021 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Xумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Чи тавре, ки аз суханони Пешвои миллатамон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: “Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босадоати имрўза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷонисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд”.

Имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи давлатҳои дунё чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пазируфта шудааст, ки ин аз ифтихордории давлату миллати мо тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Паём ин пеш аз ҳама ҳидоят кардан ба Ватандўстиву Ватандорӣ ба шумор меравад. Дўстдории Ватан пеш аз ҳама аз шукрона кардан сарчашма мегирад. Мо бояд Ватанамонро сидқан дўст дорем ва барои боз ҳам ободу зебо гардонидани он саҳми беназир гузорем, зеро ки аз рўи суханони Пешвои миллатамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, агар мо худамон Ватани хешро ободу зебо нагардонем, каси дигар ба ҷои мо омада ин коро намекунад.

Ҳадафҳои стратегӣ ки бо фармонҳои Президени мамлакамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаанд, дар рушди стратегии кишварамон Тоҷикистон, яке аз нақшҳои аввалиндараҷаро бозиданд. Чор ҳадафи стратегӣ таъмини озуқаворӣ, яъне таъмин кардани мардум бо ѓизои хушсифат-ҳадафи мазкур, чун ҳадафи мубрам ба шумор рафта, барои инкишофи насли солим нақши ҳалкунанда мебозад, ҳадафи навбати бошад, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзити табдил додани мамлакат-барои мустаҳкамнамоии зиччии аҳолии кишвар ин ҳадаф заруру муҳим ба шумор меравад, ҳадафи сеюм ин расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ- яъне ба пуррагӣ аз қувваи барқ таъмин намудани аҳолӣ, ҳамчунин густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика бо дигар кишварҳои дунё, хусусан кишварҳои ИДМ ва бо Тоҷикистон ҳамсарҳад. Ва дар охир саноатикунонӣ-ҳадафе, ки мо ҳоло дар ҷараёни амалигардонии он қарор дорем, ин саноатикунонии кишвар-бунёди корхонаҳои хурду бузург, таъминнамоии ҷойҳои кории холӣ ва рушди инфраструктура, иноватсия дар кишварамон маҳсуб меёбад.

“Рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ аз низоми бонкӣ вобаста мебошад, вале то ҳанўз дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат мушкилоти зиёди ҳалталаб боқӣ мемонад”.

(Порча аз Паёми Президенти Xумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Xумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”).

Дар ҳақиқат низоми бонкдорӣ дар рушди сармоягузорӣ ва саноатикунони нақши муҳим бозида, пешравии иқтисодиёту иҷтимоиёт аз фаъолияти бонкдорӣ вобастагии калон дорад. Дастгирии соҳибкорон ва дастгирии мардум дар роҳи сармоягузориву соҳибкорӣ ва кишоварзӣ ин дастгирии ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумат ба шумор меравад.

Паём ба мо мардум, хусусан ҷавонон, ин як дарс аст, дарси ибрат. Зиндагӣ ҳамавақт заҳмату талош металабад. Ғамхориҳову дастгириҳо ва суханони Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмонро ба назар гирифта, барои равнақу густариши Ватани хеш ҳамеша бояд арҷгузор бошем.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *