Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ифодагари садоқату худшиносӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳар як Паёми Пешвои муаззами миллат як ҳуҷҷати таърихӣ ва раҳнамунсозе барои мардуми мо бо солҳои минбаъда аст. Дар ин паёми навбатӣ низ таъкидҳою гуфтаҳои зиёде бевосита, таалуқманди бахши мо буд, то қабл аз ҳама, ҳушёрии синфӣ  ва зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем.

Пеш аз ҳама бо як масъулияти махсус иброз медорам, ки дар доираи манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян гардидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тавассути ироаи Паёми Президенти кишвар ба маҷлиси Олии мамлакат ва тавассути он ба тамоми мардуми кишвар амалӣ мегардад, ки дар ҳақиқат як тантанаи давлатдории миллӣ ва амали шудани ормонҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон тамоми самтҳои давлатдориро  бори дигар таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳоро барои фаъолият дар соли равон – 2022 ва солҳои минбаъда матраҳ ва тарҳрезӣ намуданд.

Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 21 – уми декабри соли 2021 аз ҷумла, чунин изҳор доштанд: “Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991-1997- ро набояд ҳаргиз фаромӯш кунем. Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон мафиатҳои давлвту ҷомеа ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат,афзоиши ҷинояткори ва бентзомӣ мегардад…”, ки ин таъкидҳо шахсан  дар зеҳну ниҳоди мо – кормандони мақомоти қудратӣ,хоса, маъулини мутасаддиён ва ходимони судҳои иқтисодии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе,таъсири ниҳоят амиқ ва ҷидди бахшид:

Мо медонем,ки маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар низоми судии мамлакат мо низ ислоҳоти хеле ҷиддӣ ривоҷу равнақ дода шуда, ҳокимияти давлатӣ эътироф када шуд. Мардуми тоҷик бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибихтиёрии давлат ва рушду такомули онро таъмин намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро арзиши олӣ ҳисобида, ҷомеаи навини демократию ҳуқуқбунёд ва адолатпарварро бо ҷаҳду заҳматҳои зиёдбунёднамуданд.

Дар Паём зикр гардид, киҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Дар ин ҷодда, дар бист соли охир, 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад. Аз ҷумла дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзош ёфт. Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар зиёд гардид ва соли 2022 аҳолии Тоыикистон ба 10 миллион нафар мерасад…

Бале, мо-кормандони судҳои иқтисодии пойтахт низ ҳар як нуқтаи Паёми созандаю ҳидояткунандаи ои муаззами миллатро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, дар рушду такомул ва пешбурди фаъолияти меҳнатиамон аз он ба тариқи хеле васеъ истифода мебарем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *