Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Паём идомаи мантиқии сиёсати оқилонаю дурбинонаи Президенти маҳбуби давлати мост.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Воқеъан ҳам, Паём ҳуҷҷати роҳнамунсозу таърихӣ аст ва аз ироаи он, ки санаи 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, мо – кормандону масъулини мақомоти судӣ як ҷаҳон маънию сабақ гирифтем. Аз таъқиду гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат боз як бори дигар ба хубӣ дарк намудем, ки Тоҷикистон Ватани азизи мост – модари мост ва мо дар оғӯши пурмеҳри меҳани хеш бо сари баланд ба воя расидаем.

Дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баробари инъикоси кулли соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин изҳор доштанд, ки ба рушди соҳаҳои илму маориф, тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид . Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3 ҳазору 240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Дар Паёми хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: “мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд. Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардхъҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ , густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи “ Иқтисоди сабз ”, саноатикунонин босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.

Албатта, дар Паём дар ҷодаи мо гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ оид ба татбиқи адолати судӣ муносибати дуруст ва воқеъбинона ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, хусусан вақти қабули қарору ҳалномаҳои судӣ ва ғайраро дар бар мегирифт. Баҳри ноил шудан ба ин дастоварду муваффақият дар ин ҷода мо – кормандони мақомоти судӣ ба таври ҳамешагӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани сифати санадҳои судӣ диққати зарурӣ зоҳир карда, ҳамзамон барои такмили таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, донишу маърифати тахассусӣ ҷидду ҷахд менамоем. Бар замми ин, масъулиятшиносӣ, дарки рисолати касбӣ, саривақт ва бенуқсон анҷом додани салоҳияту ваколати вазифаи хидматӣ низ аҳамияти махсус дорад.

Бояд зикр намоям, ки аз ҳар лиҳоз, махсусан, дар қатори дигар бахшҳо мақомоти судии кишвар низ дар давраи соҳибистиқлолӣ пайваста такмил ёфта, алъон маҳз бо мусоидату дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурраи он ба таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрванд, инсон ва давлату ҷомеа равона карда шудааст.

Умуман, кормандони иродатманду иззатманди мақомоти судии мо набояд фаромӯш созанд, ки хислату атвори неку ҳамидаро бояд пеша кунанд, пурсабру ботамкину таҳаммулпеша бошанд. Аз ҳама муҳимтар, вақти пурқиммати хешро аз даст надода, ҳар қадар метавонанд, асосҳои қонунҳои судҳои иқтисодиро биомӯзанд, зеро дар амал истифода ва тадбиқ сохтани он самараи бузурге ба бор хоҳад овард.

Мо – кормандону масъулини мақомоти судиро мебояд, ки бо ташаббусу масъулияти дучанд заҳмат кашида, ҷашни бузурги дар пеш истода, яъне, 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистони азизамонро бо дастовезҳои арзандаю шоиста таҷлил намоем.

Албатта, дар фароварди мулоҳизоту суханони хеш афзуданиам, ки Тоҷикистон хонаи умеди мост ва мо шукри Тоҷикистони биҳиштосо, шукри Ватани азизамон менамоему ҳама нишондоду муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллати хешро сармашқи кору пайкорамон намуда, дар атрофи сиёсати оқилонаю дурбинонаи Президенти маҳбуби давлатмон – Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, боз ҳам бештар сарҷаъму муттаҳид мегардем.

You May Also Like..

Пешгирии коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа […]

Терорризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва нақши волидайн дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм,ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат […]

Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *