Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Паём таҳкимбахши боварии мардум ба фардои неку дурахшон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мо-кормандони мақомоти судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе дар қатори дигар кормандону масъулини касбу корҳои мухталаифи ҷомеаи қонунӣ аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки ба мақомоти олии қонунбарори мамлакат ироа гардид, рӯҳу илҳоми наву тоза гирифтем.

Мо-кулли кормандони мақомоти судҳои иқтисодии пойтахт ба хубӣ медонем, ки маҳз тавассути таъмини ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандкормандони мақомоти мо метавонанд, дар амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ва мулоқоташон чанде қабл бо кормандони мақомоти судии мамлакат баён доштанд, ҳиссагузории шоистаю арзанда намуда, бо ин роҳ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон ва раванди рушди миллӣ саҳми муассир мегузорем.

Паём ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз дар ниҳоди ҳар як шаҳрванд, хосса, сокинони пойтахт умеду эътимоду боварии расидан ба ояндаи дурахшон, ба тарақиёти босуръату бемайлони кишвар, саодати мардум, инчунин таъмини зиндагии шарафмандонаи аҳолии мамлакатамонро боз ҳам қавитар гардонид. Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш бори дигар таваққуҳи аҳли ҷомеаро ба мавқеи инсон, қадру қиммати он ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди кишвар ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ҷалб гардонида, саҳми инсонҳоро дар пешбурди соҳаҳои мухталифи ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Аз ин рӯ, омӯхтан, матраҳ сохтан ва баррасии Паём ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аҳамияти бағоят бузургеро молик аст.

Ҳамин нуктаро такроран иброз медорам ва бори дигар зикр менамоям, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи Паёмҳои хеш, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон ироа мегардад, ба мавқеи инсон ва қадру қиммати он дар ҷомеа гаштаю баргашта ибрози ақида менамоянд. Мавқеи инсон ҳамеша дар меҳвари асосии Паёмҳои  Сарвари давлати мо қарор дошт ва қарор дорад. Аз ин рӯ, мо – тамоми аҳли ҷомеа, барои ба камол расонидани насли ватандӯсту худшинос бояд ҷидду ҷаҳл намоем. Ба наврасону ҷавонон роҳи дурусти ҳаётро нишон диҳем. Дар зиндагӣ комилан боиродаю бурдбору ботаҳаммул буданро баҳрашон пайваста тарғибу талқин намоем.

Як маъниро аз мулоҳизаҳои Пешвои муаззами миллат то ҳануз фаромӯш насохтаам: зимни мулоқоти хеш бо кормандони судӣ Роҳбари маҳбуби кишварамон аз ҷумла чунин тазаккур дода буданд: “Азбаски санадҳои қабулкардаи судҳо аз номи давлат бароварда мешавад, онҳо бояд ба тамоми талаботи қонунгузорӣ мутобиқат карда, барои барқарор гардидани адолат комилан мусоидат намоянд” . Ин таъкиди гуфтаҳои Сарвари муаззами давлат низ баёнгари то кадом андоза муҳим ва ҳалкунанда будани нақши судҳо дар баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон зимни доир намудани мурофиаҳои судӣ мебошад. Дар идомаи чунин муҳокимарониҳои дурбинонаи хеш Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд, ки “судяҳо ҳуқуқ надоранд, ки ба хатоӣ роҳ диҳанд” ва ин гуфтаҳои Сарвари давлат як навъ ҳушдорест, ки бояд ба барномаи касбии судяҳо табдил ёфта, сармашқи кору амали хизматии мо бояд бошад.

Бале, мо ҳамагон кормандони мақомоти судҳои иқтисодии пойтахт сиёсати оқилонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ намуда, ҳамеша тарафдори он сиёсати беназир будем, ҳастем ва хоҳем монд.

You May Also Like..

Пешгирии коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа […]

Терорризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва нақши волидайн дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм,ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат […]

Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *