Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳуҷҷати муҳими расмӣ – барномавӣ ва муайянкунандаи роҳи фардои миллат.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аминзода С.Р.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Тавре, ки имрӯз зимни баромадҳои расмии хеш мо масъулину кормандони идораю муассисоти мухталиф, дар маҷмӯъ, ҳамагон бо як лутфу иноят ва ифтихору сарбаландӣ иброз медорем: “Паём калом ва ё сухани роҳнамою тақдирсозу самимии Пешвои муаззами миллат барои ҳар як ҳамватан, паёғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории миллии мо – миллати тоҷик маҳсуб меёбад.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат низ мавзуҳои хеле муҳиму самарабори ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшану возеҳ сохт. Маҳз зарурати рушди саноати кишварро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии хеш бо боварии махсус гуфтанд, ки панҷ соли оянда, то соли 2026 – ум дар кишвар “ Солҳои рушди саноат” эълон карда шавад ва тибқи нақша бояд ба саноаткунонии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, ба фароҳам овардани ҷойҳои нави кории бештар ва дар ниҳоят боз ҳам ба поинтар овардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат бояд мусоидат карда шавад. Яъне дар низоми кунунии давлатдории мо Паёми Пешвои муаззами миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими расмӣ – барномавӣ ва муайянкунанда маҳсуб ёфта, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дарбаргирандаи барномаи мукаммали тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Мақсаду ҳадафи мулоқоту вохуриҳое, ки мо кормандони мақомоти судӣ, хосса, расию баъдан дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ироагардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Воқеан ҳам, дар шароити ҷомеаи муосир яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва ба пояи мақсад расидану эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири ҳар гуна омилҳои номатлуб ба пешаю касби муайяне ҷалб намудани онҳо мебошанд. Дар баробари ин, яке аз омили асосии рӯ овардан ба омилҳои номатлуб маҳз сатҳи пасти маърифату ҷаҳонбинии бархе аз ҷавонон аст ва ин ҳама аз бехирадӣ сарчашма мегирад, зеро маҳз ин омил шахсро зудбовар мегардонаду ниҳоят ба роҳи нодуруст мебарад. Ҷаҳолату нодонию бемаърифатӣ албатта, ба гумроҳӣ мебарад. Роҳбари муаззами кишвар дар Паёми навбатии хеш низ чунин афзуданд, имрӯз ба ҷавонон чун такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа такя намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҷавонон пайваста талош меварзем ва дар навбати худ, насли ҷавон бояд фаромӯш насозад, ки имрӯз ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат, ҷавонони иззатманди кишвар бояд пайваста барои дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардидан кӯшиш намоянд ва ташаббусу нерӯи созандаи худро ба манфиати рушди Тоҷикистони азизамон равона созанд. Дар Паёми имсолаашон ҳамзамон, Пешвои миллат чунин изҳор намуданд, бори дигар ба падару модарон, масъулини таълиму тарбия, намояндагони мақомоти қудратӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоям, ки барои аз таълиму мактаб дур намондани фарзандону ҷигаргӯшаҳои хеш ҷаҳду талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ, касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Зеро ояндаи Тоҷикистони азизи мо маҳз дар дасти ҷавонони лаёқатманду навовар, баору номуси кишварамон аст ва ҳеҷ як нафари дигар сарзамини моро ободу шукуфою хуррам намегардонад.

Мо ба хубӣ меденом, ки баррасии босалоҳият ва беғарази парвандаҳо унсури муҳими таъмин, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва нигоҳдории адолати судӣ ба шумор меравад. Аз он нигоҳ, ки ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолати конститутсионӣ муқаррар гардидааст. Ин омили муҳим моро мудом водор месозад, ки дар ҳалли ҳаққонии парвандаҳои судӣ масъулияти ниҳоят ҷиддӣ дошта бошем. Бале, набояд фаромӯш бисозем, ки боло бурдани ҷойгоҳи мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолияти он маҳз тавассути дастгирию ғамхориҳои доимии Пешвои миллат ба як амри воқеӣ мубаддал гардид. Мо кормандони мақомоти судӣ, хосса, судҳои иқтисодии пойтахт танҳо тибқи нишондодҳои Паёми имсолаи Сарвари маҳбуби давлат фаъолияти серҷанбаю фаррох ва домандори хешро роҳандозӣ намуда, сиёсати оқилонаю дурбинона ва созандаю сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат – Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон-ро ҳамеша дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоем.

You May Also Like..

Пешгирии коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа […]

Терорризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва нақши волидайн дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм,ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат […]

Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *