Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тагйиру иловаҳои қонуни танзим ба манфиати худи мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мавриди зикри хос аст, ки тамоми тагйиру иловаҳои ба Қонуни танзим воридгашта комилан барои ҳимояи манфиатҳои худи аҳолии кишвар равона карда шудаанд. Ҳадафу мақсади қонуни танзим аслан рох, надодан ба исрофкорй ва зиёдаравист. Қонун оростани дастурхони маънавии хоксорона, дар доираи оила бе иштироки хизматрасонии санъаткорон гузаронидани хатнасур, дода шудани хукук, ба падару модарон ва шахсони ивазкунандаи онҳо то расидан ба синни балоғат, дар бонкҳо кушодани суръатҳисобҳо, инчунин ба шахсони воқей ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявй доранд бо риояи тартиби муқарраршуда ва иштироки комиссияҳои доимии маҳаллй гузаронидани хатнасури хайриявии оилаҳои камбизоат ва амалй сохтани бисёри дигар икдомоти муфиду самараборро тақозо менамояд. Мехоҳам ин ҷо вобаста ба чанде аз тағйироту дигаргуниҳое, ки ба Қонуни танзим оид ба адои маросими ҳаҷ, маориф, ҷодаи таҳсилот, идҳои миллӣ ва маъракаҳои дигар ворид гардидаанд, ибрози андеша намоям.

Тавре медонем, дар вохӯрию баромадҳо мардум оид ба адои маросими ҳаҷ низ он солҳо пешниҳодҳои зиёд манзур намуданд. Бо назардошти ин дархостҳо ба моддаи 12 – и Қонун тағйирот пешниҳод карда шуда, гузаронидани маъракаи «ҳоҷизиёрат» манъ карда шудааст. Илова бар ин, тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҳангоми баррасии он таклифҳои шаҳрвандон низ ба инобат гирифта мешаванд. Ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбй», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбй» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбй ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимй» низ тағйиротҳо ҷиҳати ворид намудани меъёрҳо оиди манъи ба муассисаҳои таълимй бо идоракунии воситаҳои наклиёти механикй омадани хонандагон ва донишҷуён пешниҳод гардиданд. Дар сурати ба муассисаҳои таълимй бо идоракунии воситаҳои наклиёти механикй омадани хонандагон ва донишҷуён онҳо аз муассисаҳои таълимй бе ҳуқуқи барқарор кардан хориҷ карда мешаванд. Дар лоиҳа як қатор меъёрҳои наве пешниҳод гардидаанд, ки онҳо низ барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд.

Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорй ва зиёдаравй яке аз онҳост. Дар лоиҳа тартиби нави гузаронидани хатнасур пешниҳод гардид. Мувофиқи он минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бошад, бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррар намудаи мақоми ваколатдори давлатй дар соҳаи тандурустй гузаронида мешавад. Дар ин маврид таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин самт омӯхта шуда, дар асоси ин омӯзиш пешниҳод гардидааст.

Гузаронидани маъракаҳои номгузорй, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад. Гузаронидани маъракаҳои дигар низ қатъиян манъ карда мешавад. Моро мебояд ҷиҳати ба пуррагй амалй гардидани нишондоду муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Чумхурни Точикистон» ҷаҳду талоши махсус намуда, бахри дар амал тадбик, намудани қонуни мазкур аз пештара дида зиёдтар кушишу ғайрат намоем.

You May Also Like..

Интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ аз худи мо вобаста аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

Ҳар шахси ҷомеапеш аз он ки ба ҳаёти мустақил қадам гузорад, бояд ҳамаҷониба омода бошад, яъне аввал хуб мулоҳизаву андеша […]

Қонуни танзим ҳимоякунандаи манфиатҳои иҷтимоии мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Фикр мекунам, соҳибдавлат будан ва мустақилияту худмухториро ба даст овардан ва ҳамзамон, дорои Конститутсияи хеш будан, барои аҳли ҷомеа ва […]

Аъмоли бадро ҷазои бад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Аз маъхазу сарчашмаҳо ва навиштаҳои адибону таърихнигорон бармеояд, ки дар давлатдории дунявӣ яке аз санад ё худ қонуни мазкур роҷеъ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *