Мутобиқи Конвенсияи СММ зидди коррупсия яке аз вазифаҳои давлат ва мақомоти давлати мусоидат, қабул ва таҳкими чораҳои пешгирии судманд бар зидди коррупсия мебошад. Конвенсияи СММ зидди коррупсия як қатор чораҳои зиддикоррупсиониро муайян мекунад, аз ҷумла: – ташаккули низоми қабул ба кор, интихоб, болорави дар хизмат, адои хизмат ё рухсат кардани хизматчиёни давлати, шахсони дигари ба вазифаҳои давлати таъин ё интихобшаванда, ки ба принсипҳои самараноки, шаффофият ва фаъолияти бенуқсон, адолатноки ва қобилият асос меёбад; – коркарди расмиёти зарурии интихоб ва омода намудани кадрҳои ба ишғоли мансабҳои давлати, ки махсусан аз нигоҳи коррупсия осебпазир мебошанд ва дар ҳолати мавҷудияти асосҳо анҷом додани ҷойивазкунии онҳо; – мусоидат ба татбиқи барномаҳои маърифати ва таълими, ки ба кодексҳо ё меъёрҳои рафтор асос меёбанд; – таъмини иҷрои дуруст ва муносиби вазифаҳои хизмати ва амиқ дарк кардани хавфҳои вобаста ба коррупсия, ки ба фаъолияти онҳо дахл доранд. Дар тавсияҳои СҲИР барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқи ва Осиёи Маркази низ оид ба таъмини сиёсати зиддикоррупсиони чораҳои мухталиф пешбини карда шудааст. Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои суиистифодаи ваколатҳои хизмати дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлати» барои хизматчиёни давлати як қатор чораҳои зиддикоррупсиони муқаррар гардидаанд. Баҳри тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия амалисозии чорабиниҳои зерин мувофиқи мақсад дониста мешавад: – такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқи оид ба муқовимат ба коррупсия ва таъмини самаранокии иҷрои онҳо; – баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии хизматчиёни давлати; – таъмини иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрванди дар раванди муқовимат ба коррупсия; – таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлати; – ҷори намудани технологияҳои инноватсиони дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маркази ва маҳаллии ҳокимияти давлати; – таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия; – бартараф намудани бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлати; – такмили фаъолияти воҳидҳои хадамоти кадри ва ҷори намудани масъулият ва маҳаки нишондиҳандаҳои натиҷаҳои фаъолияти хизматии онҳо оид ба пешгирии коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; – татбиқи босамар ва мақсадноки маҳдудиятҳо, мамониату уҳдадориҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқи муайяншуда бо мақсади пешгирии коррупсия нисбати шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол менамоянд; – баланд бардоштани сифати омодагии касбии мутахассисон дар самти пешгири ва муқовимат ба коррупсия; – ташкил ва таъмини механизми озмун барои қабул ба хизмати давлати дар ҳамаи мақомоти давлати ва дар ин ҷараён таъмин намудани принсипҳои воқеъбини ва беғарази; – такмили низоми эъломиякунонии расмии даромадҳои хизматчиёни давлати ва аъзои оилаи онҳо; – татбиқи талаботи нақшаи чорабиниҳои мақомоти давлати дар самти муқовимат ба коррупсия; – такмили механизми гузаронидани ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлати бо мақсади пешгирии зуҳуроти коррупсиони дар мақомоти давлати;
Баланд бардоштани масъулияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои назоратии шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои зиёд вайрон намудани қонунгузории замин мушоҳида мешаванд, таҷдиди иловагиро талаб мекунад. Мақомоти дахлдорро зарур аст, ки пеш аз ҳама сарчашма ва сабабҳои пайдоиши ҳолатҳои коррупсиониро дар соҳаҳои мазкур муайян намуда, ҷиҳати коҳиш ва бартараф кардани онҳо чораҳои зарурии пешгирикунандаи хавфу омилҳои коррупсиониро роҳандози намоянд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки вобаста ба пешрафти босуръати ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза рӯз аз рӯз тарзу усулҳои нави содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиони зуҳур карда истодаанд. Ин ҳолат водор месозад, ки роҳҳои нави муқовимат алайҳи ин падида дарёфт карда шуда, аз натиҷаи таҳлилҳои амиқи амалисозии Стратегия муқовимати илман асоснок тақвият бахшида шавад. Барои амали намудани ин ҳадаф бояд як маркази тахассусии таҳлилию омӯзиши, ки ҳолатҳои коррупсиониро дар Ҷумҳурии 24 Тоҷикистон пурра таҳлил ва арзёби намуда, роҳҳои нави муқовиматро зидди амалҳои коррупсиони ошкор ва дар баробари ин, донишу таҷриба ва малакаи субъектҳои ба коррупсия бевосита муқовиматкунандаро такмил диҳад, таъсис дода шавад. Таҳлили амиқ, таҳқиқу натиҷабардори ва банақшагирии муқовимати асосноки илми, албатта, ки натиҷаовар хоҳад буд ва инро таҷрибаи соҳаҳое, ки дар доираи ташкилот барои пешрафти фаъолияти худ марказҳои омӯзишии такмили ихтисос доранд, собит сохтаанд.Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои асосии мақомоти Агенти ин татбиқи сиёсати давлати дар самти мубориза бо коррупсия маҳсуб ёфта, мақомоти мазкур ба ҳайси мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ҷиҳати ташкил ва амали намудани чораҳои маҷмӯи пешгири, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар муваззаф гардонида шудааст.