Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Саноатикунони раванди пешрафти Тоҷикистон.-Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи Тоҷикистон вобаста ба сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат Паём ироа менамоянд. Инчунин Роҳбари давлат зимни ироаи Паём самҳои мухталифи хоҷагии халқро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати боз ҳам баланд намудани некўаҳволии сокинон ба масъулин дастуру супоришҳои созанда медиҳанд. Ҳадафҳои муҳими мамлакатро мавриди таҳлил қарор дода дар Паёми навбатӣ муҳтарам Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонида истодаем».

Дар воқеъ дар натиҷаи ташаббусҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат ва заҳмати самарбахши мардуми меҳнатдўсти Ватан дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон се ҳадафи стратегӣ зина ба зина амалӣ гардида истодааст. Аз ин рў дар Паёми навбатӣ ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид:  «Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад бидуни таъмини се ҳадафи аввал амалӣ намудани саноатикунонии босуръати мамлакат имконнопазир аст. Дар воқеъ тадбирҳои амалинамудаи муҳтарам Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат натиҷаи нек ба бор оварда, дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфта, бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ муҳтарам Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкур омили пешрафти саноати кишвар арзёбӣ гардида, дар оянда зиндагии шоистаи сокинони мамлакатро таъмин хоҳад кард.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҳадафи чорум дар Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ бо вуруди технологияи муосиру инноватсионӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Аз ин лиҳоз саноатикунонӣ маҳз дар ҳамин давра эълон гардида, аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат зарур дониста шуд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад. Барои расидан ба ин ҳадафи судмандро Сарвари давлат дар амалишавии барномаҳои соҳавӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки лоиҳаҳои сармоягузорие, ки бо ин мақсад дар мамлакат ба нақша гирифта шудаанд, бояд таҳти назорати қатъӣ қарор гирифта, бо сифат ва мақсаднок таъмин карда шаванд. Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди табиӣ буда, барои коркарди он корхонаҳои саноатӣ зарур аст Аз ин хотир муҳтарам Пешвои миллат ба масъулин супориш доданд, ки ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Барои соҳибкороне, ки бо ин мақсад коргоҳҳо ифтито менамоянд ва ё ба воридоти ашёи хоми саноатӣмашғуланд, аз ҷониби Хукумати кишвар дастгирӣ меёбанд. Аз ин лиҳоз Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки «Ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад» Дар ин замина Пешвои миллат масъулинро вазифадор намуданд, ки маҳсулоти ба рақобат тобоварбударо истеҳсол намуда, онро ба содирот равона созанд. Зеро сифати баланд, нархи дастрас ва ҷойгирӣ дар бозори дохиливу хориҷӣ омили пешрафти саноати мамлакат маҳсуб меёбад. Тибқи дастури Сарвари давлат муаррифии маҳсулоти истеҳсолшуда, дарёфти бозорҳои содирот, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар хориҷи кишвар аз масъалаҳое мебошанд, ки масъулин бояд ҷиҳати амалишавии он чораҳои дахлдорр.о роҳандозӣ намоянд. Дар натиҷаи иҷрои дастурҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат ва меҳнати софдилонаи мардуми сарбаланди кишвар мо метавонем ҳадафи чорум-саноатикунонии мамлакатро, ки таъминкунандаи фардои гулафшони Ватан ба ҳисоб меравад, сарбаландона таъмин намоем.

You May Also Like..

Пешгирии коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа […]

Терорризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва нақши волидайн дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм,ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат […]

Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *