Мо насли имрўз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Бо қарори Созмони Миллали Муттахид 21 феврали соли 2002 рўзи байналмиллалии забони модарӣ эълон гардидааст.
Аз 22-июли соли 1989 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ-забони тоҷикӣ эълон гардид.
05 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қонун коргузории корхонаву муассисаҳо, мактаб ва тамоми соҳаҳои дигар бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Ба гуфтаи Сарвари давлатамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ў низ пойдор хоҳад буд».
Мо, тоҷикзодагони асил ҳамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо забондорон вобастагӣ дорад.
Иди забон муборак ҳамватанони азиз.
Забони тоҷикӣ поянда аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо