Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Адолати суди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Адолати судӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст. Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти адолати судӣ тартиби махсус пешниҳод менамояд. Дар моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки адолати судиро судҳо ба амал мебароранд. Ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ, ҷииоятӣ, хоҷагӣ ва маъмурӣ судяҳо мустақил буда, танҳо ба қонун итоат мекунанд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба зиммаи суд вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининакардаро гузоранд. Ҳамаи судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мақоми ягона буда, фақат бо ваколат ва салоҳияти худ тафовут дорақд. Қонунгузории амалкунанда муқаррар кардааст, ки суд адолати судиро таввасути баррасии парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ дар ҷаласаҳои судӣ амалӣ мегардонад. Суд дар ҳама ҳолат вазифадор аст, ки манфиатҳои қонунро ҷонибдорӣ намуда, онро аз ҳама гуна сӯиқасд ҳимоя кунад.

Предмети ҷаласаҳои судӣ танҳо он парвандаҳое шуда метавонанд, ки ба истеҳсолоти суд ворид гардидаанд. Ягона шакли ба амал баровардани адолати судӣ маҷлиси судӣ мебошад. Аз ин хотир, адолати судӣ дар маънои аслиаш аз ҷониби суд татбиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ нисбат ба баҳсҳо ва масъалаҳои дигари ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои конститутсионӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, хоҷагӣ ва маъмурӣ дар мачлисҳои судӣ мебошад. Ҳеч касро бе ҳукми суд ва бар хилофи қонун дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор донистан ва инчунин ҷазои ҷиноятӣ додан мумкин нест. Яке аз ҳусусиятҳои адолати судӣ дар он мебошад, ки ҳукм, ҳалнома, таъйинотҳои суд аз номи давлат бароварда мешавад. Ва ин хосият водор менамояд, ки ҳамаи шахсоне, ки ҳукм ва таънноти суд ба онҳо равона карда шудааст, бечунучаро талаботи онро иҷро намоянд. Дар ҳолати ихтиёран иҷро накардани онҳо маҷбуран аз ҷониби давлат иҷро карда мешавад. Санади суд қонунӣ ва асоснок бояд бошад. Дар ҳолати чавобгӯй набудани ҳукмҳалнома, таъйинот ба қонун вай бекор ё тағӣир дода мешавад. Мақсади адолати судӣ на танҳо додани ҷазо ва чораҳои маҷбуркунӣ мебошад, балки дар таъмин намудани таъсири тарбиявии он низ ифода меёбад. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бар он равона месозанд, ки қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоиро ба роҳ монанд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *