Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

admin Без рубрики

Санаи 15 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзуи “30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллй” баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар  Абдуллозода Зебонисо Файзулло – Раиси Суди щтисодии ш. Душанбе, Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек – Директори Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва кормандони суди иқтисодии шаҳри душанбе ва кормандони Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н. Шоҳмансур Наботов Шукрулло иштирок намуданд.

Дар ибтидои ҷаласа нахуст Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода шуда, сипас Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода Зебонисо ва  Исмоилзода Мирзо бо ҳозирин ва кулли мардуми шарафманди кишварро ба ин Рӯзи муқаддас ва тақдирсози кишвар табрик намуданд.

Дар чорабини қайд гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузурге буд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик бе ҳамто аст ва маҳз бо шарофати он имрӯз мо тоҷикон ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Чи хеле, ки дар яке аз баромадҳояшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, “…Маҳз бо шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ – баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд… ”

 

Дар ҳақиқат Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ як санаи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлоли давлатии Тоҷикистоноро ҳалу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амали намудани ислоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Инчунин дар рафти ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н. Шоҳмансур Наботов Шукрулло, муовини Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода Муродҷон, судяҳо ва  кормандони муассиса бо маърузаҳои худ баромад намуданд.

Дар фарҷом, башхида ба 30-мин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яқ қатор командони суд ва Маркази миллии патенту иттилоот барои корҳои шоиста дар рушди соҳаи фаъолияташон бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

You May Also Like..

Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

Сиву як сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Артиш миллӣ-неруи тавоно.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Ҳоло бо гузашти беш аз 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *