Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид. Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд.

Солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд. Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Хотирнишон менамоям, ки Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад. Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда ҷорӣ гардидаст.

Роҳбари давлат инчунин қайд намуданд, ки барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.

Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад. Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғлро омода ва амалӣ намояд. Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд.

Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон оид ба гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Дар ин ҷода таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба шумор меравад.

You May Also Like..

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

      ВАТАНДӮСТӢ АЗ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ОҒОЗ МЕЁБАД.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

Ҳама сола 23 – феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида […]

23 Феврал – Рӯзи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Артиши миллӣ мактаби умумимиллӣ мебошад, ки аз сафҳои он қисми солимтарини миллат, ҷавонони бо нангу номуси мо сарбаландона мегузаранд. Фаромӯш […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *