Бо ба даст овардани истиқлолияти комили сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намуда, барои расидан ба ин мақсади худ тамоми имконотҳои мавҷударо мавриди истифода қарор дода истодааст. Вале ҳаргуна падидаҳои номатлубе,ки дар ҷомеа арзи ҳастӣ менамоянд, ки боиси садди роҳи амалишавии он мегарданд. Яке аз ин қабил падидаҳои манфӣ, ин коррупсия мебошад. Коррупсия зуҳуроти номатлубу манфур ва яке аз ҷиноятҳои хафнок буда, барои амнияти давлат, суботи ҷомеа, рушди иҷтимоиву иқтисодии давлатӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ таҳдид менамояд. Моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди корррупсия» мафҳуми коррупсияро муайян кардааст: «Коррупсия-ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайри моддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбинишуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракати) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд».
Оқибати ба ҷамъият хавфнокии кирдорҳои коррупсионӣ дар он зоҳир мегардад, ки ин зуҳуроти манфии ҷомеа аз тарафи омма, на ҳамчун ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунӣ, балки чун қоидаи рафтори қонунӣ ё меъёри нонавиштаи рафтори иҷтимоӣ қабул мегардад. Ҳангоми содир намудани онҳо аҳли ҷомеа ба он диққати асосӣ намедиҳанд ва он ба як ҳуқуқвайронкунии латентӣ (руйпушшуда) табдил меёбад, ки ин боиси реша давонидани амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа мегардад. Қайд кардан лозим мебошад,ки дар равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардааст.Гарчанде аҳли ҷомеа бар зидди ин амалҳои ғайриқонунӣ мунтазам дар мубориза омода бошад ҳам, то ба ҳол, чи дар давлатҳои абарқудрат ва чӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф, коррупсия арзи ҳастӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷамъият, таъмини аминяти миллӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд, чораҳои махсус меандешад. Бо ин мақсад ва ҷиҳати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ
ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 № 143 Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти Агентӣ ва мансубияти ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2007 № 414 “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти корррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо” қабул гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия тағийру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Гузашта аз ин, бо мақсади андешидани чораҳои маҷмӯии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия сараввал бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, № 34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ва сипас бо мақсади идома додани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати решакан кардани омилҳои коррупсионӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” Стратегияи навбатӣ барои солҳои 2013-2020 тасдиқ гардид.
Бо назардошти тақозои замон, ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва бо мақсади расидан ба ҳадафҳои миллӣ дар самти мубориза ба омили номатлуб коррупсия, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, таҳти № 222 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул гардид. Стратегияҳои қабулшуда ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза бо коррупсия бо назардошти тадқиқотҳои сотсиологӣ, таҷрибаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи давраи сипаригашта дар ҷумҳурӣ ҳалли худро ёфтанд. Аз таҳлилҳо бармеоянд,ки дар давраи амалисозӣ Стратегияҳо барои паст намудани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Қайд кардан ба маврид мебошад,ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф кардани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона шудааст. Содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ бештар аз надонистан ва ё умуман аз истифодаи нодурусти талаботҳои пешбининамудаи қонун сар мезанад. Яке аз кирдорҳои ба ҷамъият хавфноке, ки ба муносибатҳои идоракунӣ таҷовуз меорад, кирдорҳои коррупсионӣ ба шумор меравад.Коррупсия яке аз кирдорҳои ба ҷамъият хавфноки ҷиноятӣ ба шумор рафта, ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа, монеаи ҷиддие дар роҳи инкишоф ва рушди минбаъдаи давлат, ҳамчунин боиси боло рафтани сатҳи камбизоатӣ ва заифгардии сатҳи маънавиёти тамоми аъзоёни ҷомеа мегардад. Коррупсия, терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ, маводи нашъадор, савдои одамон- инҳо аз унсурҳои асосии ҷиноятҳои муташаккилона ба шумор рафта, барои давлат ва ҷамъият хавфи калон доранд.
Вобаста ба ин масъала, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Кирдорҳои коррупсиониро мо маҳкум менамоем ва мубориза бо ин падидаи номатлубро яке аз самтҳои афзалиятнокӣ фаъолияти давлат мешуморем. Бо назардошти таъмини иҷроиши Страгеия, таъмини иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе нақша чорабиниҳои тартиб дода, дар ин самт як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.
Аз ҷумла аз тарафи суд фармоиш дар бораи тадбирҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, таҳти № 222 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба тасвиб расонида шуда, доир ба бандҳои дахлдори Стратегияи ёдрасшуда нақша чорабиниҳо ба тасвиб расонида шуда, ҳар як корманди масъули суд муваззаф карда шудаанд,ки доир ба иҷроиши Фармони мазкур ва иҷроиши Стратегия мунтазам корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда таъмини иҷроиши бандҳои нақшаро ба амал бароранд. Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам мебошанд. Бо назардошти он,ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷидии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигии шаҳрвандаон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ мегардад, кӯшиш намуданамон лозим аст,ки дар рушду нумуъ ва пешравии Тоҷикистон бетараф набуда ба коррупсия муқовимат нишон диҳем.