Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди ҳокимияти давлатӣ – Ҳотамзода Шодӣ, судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

admin Без рубрики

27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт.

Маҳз Ваҳдати миллӣ мардуми парокандаи Тоҷикистонро пас аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳам овард ва муттаҳид намуд. Мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаву сарнавиштсозро ҳар сол бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрўзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд.

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ, бемуболиға, яке аз бузургтарин дастовардҳои халқи тољик дар охири садаи ХХ мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархўрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша ба суботу оромии кишвар равона гардида буд. Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардўстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои сиёсӣ наҷот додааст. Мардуми тоҷик дар таърихи тўлонии худ давраҳои бисёр сахту сангинро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бўҳронҳои иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст.

Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт.

Дар ин раванд мо, пеш аз ҳама, пойдевори кохи бузурги ваҳдатро бунёд гузошта, барои зиндагии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳала ба марҳала заминаи мусоид фароҳам овардем.

Зеро ваҳдату ҳамбастагӣ аз суннатҳои асили мардуми тоҷик мебошад, ки барои рушду нумўи ояндаи давлат ва тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад. Наврасону ҷавононро дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия бояд кард, то ки онҳо вориси ҳақиқии ин давлату ҷамъият буданашонро эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдоди худ огоҳона саъю талош варзанд. Имрўз дар ҷаҳон илм бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, техника ва технологияҳои нав ихтироъ ва истеҳсол шуда истодаанд. Ба ҷавонони кишвари мо зарур аст, ки пойбанди расму ойинҳои хурофотӣ набошанд, балки аз дастовардҳои муосири илму техникаи ҷаҳон огоҳии бештар пайдо кунанд, диду назар ва ҷаҳонбинии хешро вусъат бахшанд, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гарданд ва ҳамқадами шоистаи давру замон бошанд.

Сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо ҷону равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу фарҳанг ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд. Сулҳ, ваҳдат ва таҳаммулгароӣ дар фарҳанги оламшумули миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ҳамчун се ҷавҳари маънавии тақдирсоз дар гирдоби таърих ва шебу фарози садсолаҳои ноором мо – тоҷиконро самандарвор нерўву тавон ва эҳёи дубора бахшидаанд.

Ҳар ҷомеа ба ҳадаф ва қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи рушди худро мутобиқи он муайян созад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрўзаи ҷомеа ҷавобгў бошад, аксари афрод ва табақаҳои ҷомеаро дар атрофи худ муттаҳид сохта, мардумро ба сўи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад. Чунин андеша ва ҳадафи муттаҳидкунанда барои мо маҳз ғояи ваҳдати миллӣ мебошад. Ташаккули ғояи ваҳдату ягонагӣ яке аз вазифаҳои умдаи ҳар як миллати соҳибдавлат мебошад, зеро бе андешаи устувори ваҳдати миллӣ ва дақиқ муайян кардани ҳадафу роҳи таърихии ҳар як халқ идомаи ҳаракати огоҳонаи он ба сўи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.

Имрўз сохторҳои давлатдории мо зина ба зина ташаккул ёфта, кишвари соҳибихтиёр ва давлати мустақили миллиамон ба сўи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор мегузорад. Мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамрайъӣ нақшаҳои бузурги умумимиллиро тарҳрезӣ намуда, ҳадафҳои наҷибу ояндасози давлатдориамонро амалӣ мегардонем.

You May Also Like..

Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

Сиву як сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Артиш миллӣ-неруи тавоно.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Ҳоло бо гузашти беш аз 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *