Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

29-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

6 ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, инак 29 сол ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз амал мекунад.

Халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира, оянда масъул ва вазифадор дониста, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, Конститутсияро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва эълон намуд.

Яке аз ҷанбаҳои асосии нақши Конститутсия таъсири он ба низоми сиёсӣ мебошад. Конститутсия асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян кард, ки дар натиҷа низоми сиёсӣ устувор ва давлати миллии мо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рушду тараққӣ кард.

Конститутсия барои тараққиёти иқтисодиёти миллӣ низ мусоидат кард. Мувофиқи он фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, кафолат дода шуд.

Инчунин, Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намуда, дар тули 29 сол барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овард.

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ мустаҳкам, пурра, пайдарҳам ба шумор рафта, дар танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши бағоят калон дорад. Бинобар ин, ин ҳуҷҷати тақдирсозро коршиносони байналхалқӣ дар шумори Конститутсияи беҳтарину мардумитарин эътироф намудаанд, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ин меъёри конститутсионӣ водор месозад, ки қонунгузорӣ механизмҳо доир ба таъмини волоияти Конститутсия ва мутобиқнамоии меъёрҳои он бо қонунгузориро ба Конститутсия пешбинӣ намояд.

Бинобар ин, бо дарназардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик 26 – сентябри соли 1999, 22 – юми июни соли 2003 ва 22 – юми майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму устувор гардиданд. Ба низоми низоми судӣ Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дохил карда шуданд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *