Танзим баракати зиндагист.
Бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8-июни соли 2007 қабул гардид.
Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ ба аҳли ҷамоатчиёни мамлакат оид ба “Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ” 24-уми майи соли 2007 иброз намуданд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро то ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем, ҳамзамон Пешвои миллат қайд намуданд, ки қисме аз мардуми мо бо сабабҳои зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо, маъракаҳо пойбанди таассуби хуруфот будани худ ва ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад.
Бояд қайд намуд, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баргузории ҷашну маросимҳо харҷу сарфи маблағҳои зиёд, куштани зиёди чорво роҳ дода мешуд, ки ҳамаи ин ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардид.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат, ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчӣ зудтар халос кардани мардум аз ин хароҷотҳои сахту сохта, чунон ки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст.
Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз талаботи сархати сеюми моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар он омадааст: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Инчунин, ҳангоми таҳияи Қонун таклифи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пешниҳоди шаҳрвандон ба инобат гирифта шудааст.
Пеш аз ҳама, номи Қонун иваз гардида, калимаи «анъана» аз ном ва тамоми матни Қонун хориҷ карда шуд.
Номи боб тағйир ёфта, ба Қонун 6 моддаи дигар илова гардид, ки айни замон аз 6 боб ва 22 модда иборат аст.
Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ҳотамзода Шоди
