ЗАБОН ТОҶИКӢ – ЗАБОНИ ИЛМУ АДАБ
Гар чӣ забони ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст,
Чу ба одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагўяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.
Забон воситаи муҳимтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне оинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои мухталиф ифода карда метавонад, аммо воситаи асосии ифодаи афкори инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.
Забони тоҷикӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурўҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад.
Ибтидои рушди забони адабии тоҷикро ба асрҳои 9 ва 10 нисбат медиҳанд, ки дар он асрҳо шеъри оламшумори устод Рӯдакӣ эҷод гардидаанд. Беҳуда нест, ки забоншиносон ва олимони машҳури дунё забони модарии моро дар радифи се забони машҳури ҷаҳонӣ – англисӣ, фаронсавӣ ва итолиявӣ яке аз ширинтарину шевотарин забонҳои олам шуморидаанд. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ маънои онро дорад, ки он дар тамоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии давлатдории деринаи тоҷикон нақши муҳим дорад.
Тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Рўзҳои ид” 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ба он ҳамеша арҷ мегузорад. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон аз байн нарафта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд.
Инсоният наметавонад, бе донистани забон, ки он яке аз дастовардҳои муҳими тамаддуни ҳар як халқу миллат ба шумор меравад, арзи вуҷуд дошта бошад. Забон инъикосгари таърих, оини давлатдорӣ ва сарнавишти инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳеҷ кас ба ин шак надорад, ки забон яке аз ҷузъҳои муҳими фарҳангу маданияти ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки забонро ҳамчун як рукни давлатдорӣ ном мебаранд ва эҳтиром мегузоранд. Нақши забон дар ташаккули миллат назаррас буда, ҳеҷ самти ҷомеа дар канор аз забон пеш намеравад. Ҳар як забоне, ки дар истеъмол аст, аз ҳастии миллате дарак медиҳад.
Забони тоҷикӣ аз зумраи забонҳои ширину гуворо ва бою пурғановат буда, дар байни забонҳои дигар мақоми шоиста дорад. Забоне, ки тӯли ҳазорсолаҳо шоирону мутафаккирон, олимону хирадмандони гузаштаи мо, аз қабили Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Саъдӣ, Ҳофизу Бедил, Тӯғралу Лоиқ ва дигар бузургони зиндаёд осори хешро ба қалам овардаву рӯйи девори таърих нақшбандӣ намудаанд.
Забони тоҷикӣ ҳамчун таҳкурсии адабиву фарҳангӣ кулли сокинони Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, зеро василаи ягонаи муколама миёни қишрҳои ҷомеа аст. Рушду такомули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад, зеро истиқлоли забонӣ пояи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Забони тоҷикӣ-ёдгории маънавии миллиамон, ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқ инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории тоҷикон мебошад. Барои ниёгони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буд, чунки дар ҳама давру замон забон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад, зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.
Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Вобаста ба ин пас аз баҳсҳои пурэҳсос дар нишастҳо ва саҳифаҳои матбуоти тоҷикию русии Тоҷикистон, ки аввалӣ тарафдори мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва дуюмӣ мухолифони ин пешниҳод буд, комиссиюни Совети Олӣ натиҷагириҳои худро омода намуд ва ҷаласаи таърихии Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Забон» ба тасвиб расонд, ки тибқи он ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода, забони русиро василаи муоширати миёни миллатҳо муайян намуд. Ин буд, посухи ҷиддӣ ба сиёсате, ки солҳо идома меёфт.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зарурати ворид кардани тағйироту ислоҳот ба «Қонуни Забони тоҷикӣ» ба миён омад ва 5-уми октябри соли 2009 қонуни нави забон ба имзо расида ҳамчун омили пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигоҳдорӣ мешавад. Ин Қонун ба Забони тоҷикӣ, Забони аксарияти сокинони ҷумҳурӣ, мақоми давлатӣ дода, мартабаю ҳуқуқҳои забонҳои дигар миллату халқиятҳои сокини ҷумҳуриро одилона таъмин намуд.
Яке аз моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забон бахшида шудааст ва ин гувоҳи дар меҳвари сиёсати давлатии Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон қарор доштани ин арзиши волои милливу давлатӣ мебошад. Мувофиқи моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд”.
Дар марҳилаи дигаргунсозиҳо ва таҳавулоти забонҳҳои гуногуни олам кам забонеро дучор омадан мумкин аст, ки мисли забони тоҷикӣ баъди гузаштани даҳ аср ба насли имрӯза фаҳмо бошад. Ин нуқта гувоҳи он аст, ки Забони тоҷикӣ бо шевотарин маъниҳо, ширинтарин ибораҳо ва рангу таровати миллӣ дар таъриху тамаддуни тоҷикон мақоми муносиб ёфтааст.
Дар шароити пуртазоду зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ масъул аст, ки дар гиромидошти забони модарии хеш ва таҳкиму густариши забони давлатӣ саҳмгузор бошад. Татбиқи ҳамаҷонибаи қонуни забони давлатӣ дар ҳаёт ва фаъолияти ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи меҳварӣ ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик тавонистааст, ки забонро ҳамчун ёдгории бемисли хеш дар радифи дигар ёдгориҳои маънавӣ ҳифз намояд ва онро ба шакли равону шево то имрӯз рушд диҳад. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад, ки ин аз қудрату тавоноии он дарак медиҳад.
Рӯзгори файзбори замони Истиқлол, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем. Аз ин ҷиҳат, волотарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо, ин рукни меҳварии давлатсозу миллатофар мебошад.
Котиби маҷлиси судӣ Насриддинов С.Ш
