ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Дар байни мардуми форсу тоҷик забони тоҷикӣ мақоми ба худ хос дошта, аз қадимулайём мардуми тоҷик барои нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани ин забон ҳамеша дар талош буданд. Далели ин гуфтаҳо эҷодиёти гаронбаҳои бамеросмондаи бузургонамон мебошад.
Дар миёни забонҳои мавҷудаи олам забони шевою шоиронаи тоҷикӣ яке аз беҳтаринҳост. Ин забон яке аз нишонаҳи ҳастии миллату давлати мо буда, он аз насл ба насл то замони мо омада расидааст ва онро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофу эҳтиром менамояд.
Бино ба таъкиди коршиносону муҳаққиқон яке аз роҳҳои таҳким бахшидани забон ин арҷ гузоштан ба бузургии ону риоя намудани меъёрҳои муқарраргардидааш дониста мешавад. Яъне, роҳи асосии бегазанд расонидани он ба наслҳои оянда ин эҳтирому беолоиш нигоҳ доштанаш мебошад.
Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар намоем, аёнамон мегардад, ки он дар даврони давлати бузурги Сомониён шуҳрати беназирро соҳиб буд. Кулли мутафаккирони гузаштаву ҳозира бо ин забон асарҳои мондагори назмиву насрӣ эҷод намудаанд. Шоирону нависандагони нодир, аз қабили Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Саъдӣ, Ҳофизу Камол, бо ин забони ноёб ғазалсарои намуда, мардумро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудаанд ва бо ин дар таҳкиму густариши забони аҷдодиамон нақши мондагор гузоштаанд.
Қобили қайд аст, забони тоҷики аз ҷумлаи забонҳоест, ки таърихи қадима дорад. Гарчанде он дар тули таърих бо зиддиятҳои зиёди таърихӣ рӯ ба рӯ гардида бошад ҳам, вале ҳаргиз накҳате аз он гум нашуд ва онро мардуми забондӯстамон пок нигоҳ дошта, то ба замони мо оварда расонидаанд.
Забон аз ҷумлаи мероси нобу бебаҳост ва бояд онро ҳифз кард. Зеро мувофиқи маълумотҳои омории Созмони Миллали Муттаҳид ҳар рӯз дар ҷаҳон як забон мемирад. Ин моро ҳушдор медиҳад, ки дар таҳкими беҳтарин неъмат забони тоҷикӣ беш аз пеш бояд саҳмгузор буд.
Дар кишвари азизамон Тоҷикистон аз ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими забони тоҷикӣ тадбирҳои муассир рӯйи даст гирифта шудаанд. Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамасола таҷлил гардидани Рӯзи забон аз ҷумлаи онҳост.
Ҳифзу ҳимояи забон вазифаи тамоми кишварҳои ҷомеа мебошад. Вале мушоҳидаҳо бар меояд, ки баъзе шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо омехтагии чандин забон суханронӣ менамоянду бо ин роҳ гӯё забондонии хешро нишон доданӣ мешаванд. Аммо бе хабар аз он ки бо ин амалашон ба забони модариашон беэҳтиромӣ доранду ба он костагӣ меоранд.
Дар замони муосир донистани забони хориҷӣ хуб аст. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳангоми гуфтугӯ бо омехтагӣ ҳарф занему ба забони модариамон беэҳтиромӣ намоем. Зеро ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Мо бояд забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарӣ ба роҳ монем. Мо бояд кӯшиш намоем, ки фарзандону набераҳоямон ҳанӯз аз муассисаи мактабӣ сар карда, забони тоҷикиро хуб аз худ намоянд, аз фарҳанги миллӣ ва осори маънавии ниёгон огоҳии комил дошта бошанд ва дар баробари азхудкунии техникаву технологияҳои муосир аз китобу китобхонӣ дур нашаванд. Таъкид менамоям, ки забон аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошад, зеро он рукни меҳварӣ ё шаҳсутуни давлатдорӣ ва ҳастии миллати тоҷик бо таърихи беш аз шашҳазорсола буд, ҳаст ва мемонад”.
Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки муҳофизи забони модариамон бошему дар таҳкимаш саҳми арзандаи худро гузорем.
Судяи Суди иқтисодии Нурализода О.Б.
шаҳри Душанбе
