Без рубрики

Рушду такомули забони тоҷикӣ

“Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.”

                                                                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳама давру замон забон ҳамчун унсури муҳими робита байни инсонҳо, муаррифкунандаи миллатҳо ва василаи пайвандсоз миёни давлатҳо хизмати шоиста намудаасту имрӯз ҳам ҳамин рисолати худро анҷом медиҳад. Аз ин хотир барои гиромидошти забон, рушду такомул ва ҳифзи ҳамаҷонибаи он аз таъсирҳои равандҳои гуногуни ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳи хосса равона шудааст. Бемуҳобот дар замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ҳамчун шиноснома ва ҳастиии миллат эътироф гардида, ҷойгоҳи сазовори худро пайдо намуд. Ба андешаи олимону коршиносон ва донандагони хуби соҳа дар ин росто хизматҳои фарзанди фарзона, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуррии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бемислу монанд ва бениҳоят бузург аст. Таълиф ва интишор шудани ду китоби пурарзиши “Забони миллат-ҳастии миллат” (қисми 1,2) дигар асарҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси забони давлатӣ ва ҷойгоҳи он дар таърих, замон ҳамчун унсури муҳими муаррифкунандаи таърихи гузаштаи пурифтихор ва масъалаҳои муҳими марбут ба забон гувоҳи он аст, ки Роҳбари давлат ба забони давлатӣ-забони шевои тоҷикӣ арҷу эҳтироми зиёд мегузоранд ва барои ҳимояи он ҳамчун муқаддасот тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намудаанд.

Бо гузашти ҳазорсолаҳо дубора мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ далолат аз он медиҳад, ки ин забон дар тӯли таърих бо вуҷуди таъсирҳои гуногуни раванди таърих ва нобасомониҳои замони гузашта асолату рисолати худро побарҷо нигоҳ доштааст. Ин забон дар қатори дигар забонҳои олам мақому манзалати худро ҳифз намуда, тавассути асарҳо, офаридаҳои фарзандони барӯмандаш зиндаву ҷовидон гардидааст. Ҳар нафаре, ки таърихи гузаштаи пурифтихори худро омӯхтааст, хуб медонад, ки дар ҳама давру замон забони тоҷикӣ соҳиби мақому мавқеи хос буд ва дар ташаккули фарҳангу маънавиёт чӣ дар замони дур ва чӣ дар замони имрӯз хизматҳои мондагоро анҷом додааст.

Мусаллам аст, ки ҳар як забон таърихи худро дорад. Забони модарии мо, забони шевову ширадори тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои таърихӣ ба шумор рафта, тавассути меросбаронаш то замони мо омада расид ва барои мерос гузоштан ба ояндагон забон дар паноҳи давлат қарор гирифтааст. Далелҳои таърихӣ собитгари он аст, ки забони модарии мо таърихи ҳазорсолаҳо дорад ва дар тӯли мавҷудияти худ аз озмоишҳои сахту сангини таърих гузашта, чун гавҳари ноёб арзиши худро нигоҳ доштааст. Бисёр забоншиносону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ доир ба мақом ва вусъати забони тоҷикӣ дар фарози таърих китобу рисолаҳо таълиф, назару андешаҳои худро баён дошта, бо ҳамин хизматҳои мондагори илмӣ анҷом додаанд. Дар шинохти таърихи куҳани забони тоҷикӣ аз ин асарҳо метавон фаровон истифода намуд ва бо ифтихор баён дошт, ки забони тоҷикӣ забони таърихӣ аст ва барои густариши илму фарҳанг, таъриху тамаддун, давлатдорӣ мусоидат намудааст.

Дар китоби “Забони миллат-ҳастии миллат”-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст, ки “забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи ҷандинҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархурд ва рӯёрӯйӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи аслии худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад”. Маълумотҳо гувоҳи он аст, ки дар баробари мавҷудияти 7 ҳазор забон на ҳамаи онҳо рушду такомул ёфта, ба сифати забони тавоно шинохта ва ё муаррифӣ гардидаанд. Ин ифтихори бузург аст, ки забони тоҷикӣ ба сифати забони дорои таърихи куҳан ва бунёдгаро эътироф ва аз муҳаббату эҳтиром бархӯрдор аст.

Дар асари пурарзиши худ “Забони миллат-ҳастии миллат” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоштаанд, ки “забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст….” Пас метавон гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ ба забони модарии мо соҳибистиқлолӣ, соҳибихтиёрӣ, болу пар бахшид. Он ҳама нобасомониҳое, ки дар тӯли таърих ба сари забони тоҷикӣ омада буду ба пайкари он “захмҳо” гузошта буд, оҳиста-оҳиста шифо ёфтанд. Даврони соҳибистиқлолӣ оғози рушди забони давлатӣ, ҳифзу гиромӣ доштани ин муқаддасоти миллӣ гардид. Ба мо муяссар шуд, ки озодона бо забони модарии худ муошират намоем, назару андешаҳои худро баён созем ва худро вориси арзандаи забони тоҷикӣ муаррифӣ намоем.

Ҳоло дар ҷаҳон миллати моро бо забони тоҷикӣ мешиносанду эътироф мекунанд. Ин гуфтаҳо тасдиқ мекунад, ки дар воқеъ забони миллат-шиносномаи миллат аст. Хушбахтона, дар минбари созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ мекунанд, барои имрӯзу фардои башарият пешниҳодҳои судманд ба миён мегузоранд ва онро ҷомеаи ҷаҳон бо ҳамовозӣ ҷонибдорӣ ва дастгирӣ мекунад, ки ин аз бузургии миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Дар ҳамин замина, таваҷҷуҳи хориҷиён ҳам ба забони модарии мо бештар гардида, садо додани “Тоҷикистон-ба пеш” аз ҷониби сокинони гуногуни сайёра бо лаҳни зебои тоҷикӣ ифтихори хурду бузургро дучанд месозад. Ба хусус, ҳангоми ташрифашон ба Тоҷикистон меҳмонону сайёҳон талош менамоянд, ки бо забони ноби тоҷикӣ сухан гӯянд ва бо ин васила муҳаббату эҳтиромашонро ба миллати тоҷик баён созанд. Ин ҳам аз мақоми баланди забони тоҷикӣ ва оламгир шудани он дарак медиҳад.

Дар раванди зиндагӣ мушоҳида мешавад, ки ҳеҷ чизе худ ба худ рушд намекунад, ба хусус забон. Истиқлолият дар баробари дигар дастовардҳои муҳим шароит фароҳам овард, то забон аз ғамхориҳои давлат бештар бархӯрдор гардад. Чун забон омили муҳими пойдорӣ, яъне бақои давлату миллат эътироф шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзу гиромӣ доштани забони давлатӣ ҳамаҷониба таваҷҷуҳ намуда, дар ин самт тадбирҳои муҳиму мушаххасро андешид. Ҳамин буд, ки соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба гиромидошти эълон гардидани «Соли забони тоҷикӣ» таъкид намуда буданд, ки «Таҷлили соли забон ба наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарии худ, яъне забони тоҷикии адабӣ, забони осори гаронмояи Рӯдакиву Мавлонои Балхӣ мусоидат менамояд».

Метавон гуфт, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имкон фароҳам гардид, ки барои муайян ва истифодаи вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо амалӣ гардад. Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи забони давлатӣ ҳамасола 5-уми октябр дар саросари мамлакат аз мақому манзалати забони модарӣ ва гиромӣ доштани забони давлатӣ шаҳодат медиҳад. Яъне, ин гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон баҳри гиромидошт, поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ эътибор хоса медиҳанд. Ва гузашта аз ин, ин маънои онро надорад, ки танҳо дар Рӯзи забони давлатӣ аз мақому манзалати он ёдоварӣ мешаваду тамом. Баръакс, дар Рӯзи забони давлатӣ ва ҳам рӯзҳои дигар, яъне ба таври ҳамешагӣ таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани ин унсури муаррифкунандаи давлату миллат ҷалб карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Забони миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллат аст ва забони давлатӣ рамзи давлат аст. Бинобар ин, беэътиноӣ нисбат ба забони тоҷикӣ боэҳтиромӣ ба миллату давлат ба ҳисоб меравад…» Ин суханҳо моро водор месозад, ки дар масъалаи эҳтиром ба забони модарӣ, гиромӣ доштани забони давлатӣ ҳамчун муқаддасот масъулият ҳис намоем. Барои поку беолоиш нигоҳ доштани он, татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар роҳи баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ саҳми худро гузорем.

Ба назари коршиносон бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” қабул гардида, мавриди амал қарор дорад. Тавре маълум мешавад, мақсади асосии ин барнома рушди устувор ва ҳимояи забони давлатӣ, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии забон мебошад. Олимону донандагони соҳа чунин мешуморанд, ки татбиқи ҳамаҷонибаи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” дар самти ҳифзу гиромӣ доштани забони давлатӣ ва дар паноҳи давлат қарор гирифтани забони тоҷикиро возеҳ нишон медиҳад. Бо назардошти гуфтаҳои болоӣ метавон ба хулоса расид, ки хизматҳои Пешвои миллат дар рушду нумӯи забони тоҷикӣ бениҳоят бузургу бемисл аст.

Дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ риояи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳатмӣ буда, дар сурати хилофи он амал намудан ҷавобгарӣ дар пай дорад. Мушоҳида мешавад, ки дар бархе аз шиору навиштаҷотҳо, таблҳои рекламавӣ ва дигар воситаҳои таблиғотӣ меъёру талаботи забони давлатӣ дар баъзан ҳолат риоя намегардад. Ин аз як тараф аз бемасъулиятии шахсони масъул дарак диҳад, аз сӯйи дигар боиси роиҷ гардидани чунин ғалатнигориҳо дар байни ҷомеа мешавад. Дар баробари ин, зарур аст, ки ҳангоми навишт, гуфтор мо бояд ба забони модарии худ эҳтиром гузорем. Кӯшиш намоем, ки ҳангоми муошират аз истифодаи калимаву ибораҳои ба забони модарии мо бегона даст кашем, забони тоҷикиро пок нигоҳ дорем. Дар ин самт Комиссияҳои татбиқи забони давлатӣ дар назди шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, барои пешгирӣ аз чунин падидаҳо, ки ба рушди забони давлатӣ халал мерасонад, тадбирҳои судманд андешанд.

Ҳар як нафар аз овони хурдсолӣ дар муҳити забони ноби тоҷикӣ ба камол мерасад ва нахустин сухани модар-алла бо забони модарӣ ба гӯш мерасад. Ин забон дар мағз-мағзи ҷони мо маъво мегирад. Ин забонро мо чун модар-ватан дӯст медорем ва эҳтирому арҷ мегузорем. Чунки ин забон ҳастии мост, қудрати мост, тавоноии мо ба ҳисоб меравад. Бо ин забон моро шинохтанду эътироф намуданд. Ин забон забони модарии мост, забони расмии давлатии мост. Мо дар назди ин забон масъулият дорем, то ба ояндагони худ мерос гузорем.

 

                           Котиби маҷлиси судӣ                                          Одиназода Ҷ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *