Без рубрики

Нақши Пешвои миллат дар густариши ҳокимияти судӣ

Дар роҳи рушду таҳкими ҳокимияти судӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон мебошад.

Аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар дар бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддиву ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин, мукаммал намудани қонунҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006 ва бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат Барномаи исло­ҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 тасдиқ гардид.

Яке аз падидаҳои муҳимми демократие, ки дар конститутсияи аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дарҷ гардидааст ва дар Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос ёфтааст, ғояи таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ маҳсуб меёбад, яъне барои аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мустақилона, бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ба амал баровардани салоҳияти худ кафолати қонунӣ муқаррар шудааст.

Дар моддаи 9-и Конститутсия ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, дар боби 8-и он (моддаҳои 84-92) вазифа, мақсад, принсипҳои фаъолият, талабот оид ба таъин ва интихоби судяҳо дар низоми судӣ мушаххас гардонида шудааст ва адолати судӣ омили муҳимми таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо маънидод шудааст.

Тибқи мазмуни меъёрҳои Конститутсия масъалаи таъмин намудани амнияти миллату давлат, нигоҳ доштани оромии ҷомеа, пойдории сулҳу субот, таҳкими истиқлол ва ҳифзи дастовардҳои он яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ ба шумор меравад. Суд ва адолати судӣ нигоҳдорандаи давлати ҳуқуқбунёди мустақил буда, пойдории осудагиву субот ва иқтидори ҳар як давлатро таъмин менамояд.

Доир ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ қонунҳо, аз ҷумла 26 июли  соли 2014 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар он тарзи ташкил ва фаъолияти судҳои кишвар, вазифа, салоҳият, талабот нисбат ба судяҳо, тартиби интихобу таъин кардани онҳо, вазъи иҷтимоӣ ва моддии судяҳо, масъулияту ҷавобгарӣ, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ ва дигар масъалаҳои марбута пешбинӣ шудаанд. Принсипи конститутсионии мустақилияти судяҳо дар қонунҳо ба таври мушаххас баён шуда, танҳо аз ҷониби суд амалӣ намудани адолати судӣ муайян гардидааст.

Қобили зикри хос аст, ки дар роҳи таҳкими ҳокимияти судӣ ва татбиқи амалии адолати иҷтимоӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим мебошад. Зеро, маҳз Президенти муҳтарам рушди фаъолияти ҳокимияти судиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат эълон кард, ки дар заминаи он то ба имрӯз барои ташаккули низоми судии кишвар ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа корҳои назаррас ва муҳим ба анҷом расонида шуданд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таҳкими мақомоти судӣ ва иҷрои вазифаҳои онҳо роҳи васеъ боз кард. Барномаи зикршуда дар баробари мусоидат ба рушди фаъолияти ҳокимияти судӣ, таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар самти ба амал баровардани адолати судӣ нақши бевосита доранд, низ дар бар гирифтааст.

Барои иҷрои Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур як қатор қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қабул карда шуданд.

Аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси воҳидҳои кории иловагӣ дар судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе ва Суди Олӣ ташкил гардидани коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат доир ба таҳкими сохтор ва пешрафти фаъолияти ҳокимияти судӣ гувоҳӣ дода, ба баррасии сифатноки парвандаҳо ва қабули қарорҳои қонуниву асоснок мусоидат карда истодаанд.

Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, №976 Барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 тасдиқ гардид.

Дар иртибот ба барномаи мазкур қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи дониши касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқии онҳо, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, №327 Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид, ки сеюмин барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 Барномаи чоруми ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид, ки ин иқдом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 сарчашма мегирад.

Барномаи номбаршуда идомаи барномаҳои қаблан қабулшуда буда, ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, рушду такомули қонунгузории амалкунанда, беҳдошти таъминоти моддиву техникии судҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо равона шудааст.

Дар доираи ин барнома соли 2021 бори аввал Қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” қабул гардид. Мақсади қабули ин қонун – таъмини принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва дастрасии ҷомеа ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти судҳо буда, кафолати муҳимми муҳокимаи одилонаи судӣ ва воситаи таҳкими эътимоди ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ мебошад.

Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ иқдомоти зиёдеро амалӣ карда истодааст, ки зиёд намудани воҳидҳои вазифаи судя ва кормандони дастгоҳи судҳо, ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории буҷети мақомоти судӣ, таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир, пайвастшавӣ ба интернет, таъсиси сомонаи интернетии судҳо ва монанди инҳо аз ҷумлаи тадбирҳои дар ин самт андешидашуда мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати беҳгардонии шароити ташкилии фаъолияти судҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ биноҳои маъмурии аксарияти судҳо аз нав сохта шуда, қариб бинои ҳамаи судҳои шаҳру ноҳияҳо аз таъмири асосӣ бароварда, бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. 

Бояд гуфт, ки таълими самаранок ва босифати кадрҳои ҷавони ҳокимияти судӣ ба васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, болоравии малакаи касбии онҳо ва беҳтар шудани сифати адолати судӣ мусоидат менамояд.

Бо мақсади тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз-судя, баланд бардоштани донишу таҷрибаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои мамлакат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, №150 Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шуд.

Доир ба ин масъалаи муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо судяҳо ва кормандони масъули мақомоти судӣ 5 декабри соли 2024 бори дигар таъкид намуданд, ки «судя дар баробари донишу таҷриба бояд виҷдони пок, одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста дошта бошад. Чунин тарзи интихоби кадрҳо имкон медиҳад, ки дар оянда содир намудани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби амаликунандагони адолати судӣ аз байн бурда, мақом ва нуфузи ҳокимияти судӣ баланд бардошта шавад».

Вохӯриҳои чандинкаратаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо судяҳо ва кормандони масъули мақомоти судӣ ва дастуру ҳидоятҳои ба миёнгузоштаи Роҳбари давлат барои беҳтар гардидани фаъолияти судяҳо дар самти қабули қарорҳои қонуниву асоснок нақши муҳим бозиданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳокимияти судӣ аз иҷрои вазифаи худ – ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат муваффақона баромада, фаъолияти худро ҷиҳати боз ҳам бештар сазовор шудан ба эътимоди мардуми кишвар густариш бахшида истодааст.

                                        Судя                                                Нурализода О.Б

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *