Без рубрики

Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Констутсия

Зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия тақозои раванди такмили низоми сиёсӣ ва афзудани мақоми ҷаҳонии Тоҷикистон ва натиҷаи ибтикороти сарнавиштсози роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки муваффақ шуд кишварро аз марҳалаҳои ташаккули низоми қонунгузорӣ ва давлатдорӣ то ба мақоми давлатдории сатҳи ҷаҳонӣ раҳнамун созад. Чунонки таҷрибаи таърих нишон медиҳад, Конститутсия санадест зодаи шароит ва муносибатҳои муайяни ҷамъиятӣ, ки дар худ таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоиро бо маҳфуз доштани аслҳои бунёдии хеш таҷассум менамояд. Бо дарки ҳамин ҳақиқат ва бо дарназардошти тасаллути ваҳдати миллӣ дар субот ва рушди давлату давлатдории тоҷикон ҳам роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам сарварони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик дар раванди музокироти тӯлонии сулҳи байни тоҷикон тасмим гирифта буданд, ки ба Конститутсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.

Тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақоме, ки амалӣ шудани меъёрҳои онро ба уҳда дошт, Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) буд. Дар қатори масъалаҳои дигаре, ки ҳаллу фаслашон ба уҳдаи Комиссия вогузор карда шуд, масъалаи дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар низ шомил буд.

Ҷараёни таҳия ва баррасии «Андешаҳо оид ба пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз як сол тӯл кашид ва билохира бо иштироки мустақими Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки лоиҳа барои анҷом додани расмиёти конститутсионӣ ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳоди худро доир ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ирсол дошт. Маҷлиси Олӣ қарорро «Дар бораи гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд ва дар таърихи 26 сентябри соли 1999 бо раъйи халқ як силсила тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар ворид гардиданд. Тағйиру иловаҳо дар қисмати ҳокимияти иҷроия асосан ба салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доштанд ва муҳлати салоҳияти президентиро аз панҷ то ба ҳафт сол тамдид намуда, ба ӯ ҳуқуқи мустақилона таъсис ва барҳам додани вазорату кумитаҳои давлатӣ, мустақилона баровардани масъалаи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ҳаққи мустақилона таъин ва озод намудани намояндагони салоҳиятдори Тоҷикистон (сафирон) ва ғайраро муқаррар намуданд. Соли 1999 дар асоси тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида бо таваҷҷуҳ ба таъсиси парламенти касбӣ, ки имконияти такмили сифатии қонунҳо ва ифодаи пурратари манфиати воҳидҳои ҳудудии алоҳида ва табақаҳоро фароҳам меовард, сохтори парламенти думаҷлиса муайян гардид ва дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд. Бар асоси ин муқаррарот қонунҳое, ки Маҷлиси Олӣ ба унвони мақоми қонунгузор таҳия ва қабул мекунад, аз ҷониби ҳокимияти иҷроия ба амал татбиқ мешаванд ва аъзои парламент дар таъини шахсони мансабдори мамлакат иштирок мекунанд.

Ин салоҳият маҳакест, ки тавозуни ҳокимиятро фароҳам меоварад. Маҷлиси Олӣ чун мақоми воқеан қонунгузор ва намояндагӣ ба сифати мақом расмият пайдо кард, ки манфиатҳои ҳама табақаҳои ҷамъиятро ифода менамояд. Мутобиқи ин навовариҳои конститутсионӣ аввалин бор дар таърихи сиёсии Тоҷикистон парламенти думаҷлисаи доимоамалкунанда ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар рушду инкишофи андешаи парламентаризми миллӣ ва амалияи демократисозии давлату давлатдорӣ таъсири файзбахше расонид. Дар доираи қонунмандии иҷтимоӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷомеа ва дастовардҳои кишвари рӯ ба инкишоф ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад, ки он рӯзи 22 июни соли 2003 бо раъйи мардум амалӣ гардид. Президенти мамлакат дар консепсияи давлатдорӣ ва сиёсати амалии худ ба ҳайси кафили Конститутсия такмили ислоҳоти ҳуқуқиро як раванди муназзаму муттасили ҷомеаи шаҳрвандӣ, раванди ҳамешагии таҷаддуд дар роҳи камолоти давлати демократӣ тафсир намуда, ҳамвора таъкид ва гӯшзад мекунад, ки бо дарназардошти ташаккули муносибатҳои нав дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои рушди низоми нави ҳуқуқӣ, аз байн бардоштани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ, таъмин намудани ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ, экспертизаи дақиқи илмӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зиддикоррупсионӣ, эҷоди қонунҳои нав ба манзури танзими ҳуқуқии муносибатҳои бозаргонӣ, фаъолияти бонкиву соҳибкорӣ ва дигар ниҳодҳои иқтисодӣ, роҳро барои таҳияи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамвор бояд кард. Дар ин робита, 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳои нав ворид карда шуданд. Дар натиҷаи тағйиру иловаҳои солҳои 2003 ва 2016 инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардида, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф ва ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуданд, синни 30-солагӣ ва таҳсилоти олӣ барои интихоб шудан ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ муқаррар гардид. Қобили зикри хос аст, ки Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшудаи Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини дунё эътироф гардидааст.

 

                  Котиби маҷлиси судӣ                                                       Сатторов М.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *