Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва масъалаҳои муҳими он
Ёдовар бояд шуд, ки аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳимме, ки дар Иҷлосия баррасӣ карда шуданд ин тадбирҳо барои эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, барқарор кардани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми минтақаҳои мамлакат, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ кардани он, таъсиси артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ барои пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонӣ аз дастовардҳои истиқлолият, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва аз буҳрон баровардани кишвар, интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин намудани сарвазири мамлакат, қабули муроҷиатнома ба мамлакатҳои аъзои ИДМ дар бораи ба Тоҷикистон фиристодани нерӯҳои сулҳдӯст, бозгардонидани гурезагон, тасдиқ намудани аъзои Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ягона роҳи халосӣ аз вартаи беҳокимиятӣ ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ, даъвати Иҷлосияи буд. Ҳамин тавр моҳи октябри соли 1992 пас аз вохӯрӣ бо нерӯҳои халқӣ, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват кардани Иҷлосияи XVI дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ қарор қабул намуд.
Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ бо қабул намудани Муроҷиатнома ба сарварони гурӯҳҳои мусаллаҳ роҷеъ ба имзои созишномаи барои истиқрори сулҳ ва ягонагӣ, таъмини истиқлол иқдоми нахустин гузошт. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми ноябри соли 1992 “Рӯзи сулҳ ва ҳамраъйии халқҳои кишвар” эълон гардид.
Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон 20 ноябри соли 1992 ду ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ: “Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо, созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ” ва “Изҳороти Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид.
Дар Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем”.
Иҷлосия нахустин тадбири сиёсие буд, ки дар он тарафҳои мухолиф иштирок ва суханронӣ карда, барои сулҳу оштӣ иқдом намуданд.
Котиби маҷлиси судӣ Одиназода Ҷ.
