Нақши Иҷлосия дар пойдории сулҳ
Воқаен ҳам Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ барои ба ҳам омадани тарафҳои даргир бунёди устувор гузошт, ки бо роҳҳои ҳалли низои байни тоҷикон замина фароҳам намуд. Инчунин Иҷлосия заминаи муҳим барои истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар гузошт.
Аҳамияти бузурги Иҷлосия дар он буд, ки волоияти қонун барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсӣ бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид.
Дар нахустин гузориш худ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем”. Иҷлосия нақши бузурги созандагию бунёдкорӣ дошта, якпорчагии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва таҳқими сулҳи Тоҷикистон аз он маншаъ мегирад.
Иҷлосия исбот кард, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун бароварда метавонад. Аҳамияти таърихии Иҷлосия барои дарки худшиносӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон арзиши бузурги таърихие дорад, ки имрӯз мояи ифтихор аст. Иҷлосия истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда, барои худшиносии миллӣ ва иқдоми муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Котиби маҷлиси судӣ Насриддинов С.Ш
