Хабарҳо

Президенти мо лоиқи арҷгузорист

Таърих гувоҳ аст, ки шахсони сарсупурдаи миллат бо корномаҳои худ, муборизаҳои равшанфикронаашон, ки бар нафъи миллату давлат нигаронида шудааст, доимӣ дар саҳифаҳои ёдномаи рӯзгорон боқӣ хоҳад монд, ба мисли Исмоили Сомонӣ, устод Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров. Дар ҳамин радиф хизматҳои мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахусус ҷоизи ёдрасист. Шуруъ аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ (моҳи ноябри соли 1992) саҳифаҳои корномаи ин фарзанди фарзонаи миллат баҳри наҷоти миллат ва устуворонии пояҳои Истиқлолияти давлатӣ оғоз гашта, имрӯз он ҳама талошу кушишҳо дар барпосозии сулҳу ваҳдати миллӣ, мамлакатро аз харобӣ ба ободонӣ ҳидоятмандӣ намуданиҳояшон, на фақат дар дохили Тоҷикистон балки берун аз он боиси эътирофу эҳтироми аҳли башар гардидааст. Мехостам оиди сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат дар соҳаи иқтисодиёт истода гузарам, ки он баъди ба даст омадани сулҳ ва тинҷӣ дар кишварамон бузургтарин иқдом буд, зеро мустаҳкамии пояҳои давлатдорӣ аз иқтисодиёти тараққикарда вобастагӣ дошт.

Давраи гузариш ва амалигардии даҳҳо лоиҳаву барномаҳо ва стратегияи рушд дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд овард. Агар бо лиҳози рақамнокӣ баён созем, пешрафти иқтисодӣ ба пуррагӣ таъмин ёфта аз соли 2017 то соли 2024 суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил додааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохили кишварамон ба зиёда аз 150 млрд сомонӣ расидааст, ки ин хеле нишондиҳандаи баланд мебошад.

Ҳоло марҳалаи рушд идома дорад, ки ин барои мо боиси ифтихорист. Инчунин бояд қайд намоям, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар роҳи ҳалли мушкилотҳои глобалӣ, ки ҷаҳониён дучори онанд, ба монанди об, ҳифзи пирях тозагии экологияву пешгирии хатари падидаҳои тероризму эктремистӣ сиёсатмадори варзида будани роҳбари давлати моро боз ҳам машҳур намудааст.


                                   Муовини Раиси Суд                                  Гулзода С.С

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *