ПАРЧАМ – МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи истиқлолият, дӯстиву бародарӣ ва ягонагии давлат мебошад. Пайдоиши аввалин парчамҳо ба замонҳои қадим рафта мерасад, ки сарчашмаҳои таъриҳӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳамзамон қайд мегардад, ки дар соли 550 пеш аз милод аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърихӣ – Куруши Кабир империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиниҳо таъсис дода шуд. Ин давлат низ соҳиби парчами миллии худ буд. Дар парчами Ҳахоманишиниҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд.
Ҳар як давлати соҳибистиқлолро зарур аст, ки муқаддасоти миллии худро нигоҳ дорад, аз ҷумла парчам, нишон, суруди миллӣ ва ё дигар рамзҳое, ки истиқлолияти давлатиро ифода менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд, баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Аввалин рамзи давлатӣ – парчам 24 – уми ноябри соли 1992 бо қабули Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Боиси ифтихор аст, ки парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол байни зиёда аз 220 давлати ҷаҳон ҷилва намуда, аз дигар парчамҳо фарқ мекунад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шакли матои росткунҷа, ки дар рӯи он се рахи рангаш ба таври уфуқи ҷойгирифташуда кашида шудааст ва байни рахи сафед тоҷ ва нимдавраи ситорадор ҷойгир аст.
Ранги сурхи парчам – нишонаи муборизаҳои халқи тоҷик баҳри ободӣ ва сулҳу суботи давлату миллат аст.
Ранги сафед – бахту иқболи сафед, покизагӣ ва хушбахтии халқи тоҷик аст.
Ранги сабз – маънои сарсабзӣ, фаровонӣ, табиати зебои Тоҷикистон ва абадияти мулки тоҷикон мебошад.
Парчам ҳамчун рамзи давлат дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва гузаронидани чорабиниҳои расмии фарҳангӣ, варзишӣ дар муносибатҳои байналмилаливу дохилӣ мавқеъ ва нақши хосаро дорост. Бинобар ин, Парчам суннати асосии давлатдорӣ буда, арзиши олӣ ва муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.
3 ноябри соли 2009 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Ин сана ҳамасола дар кишварамон ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Хулоса, миллати куҳанбунёди тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби парчам буд ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон масъул ва вазифадоранд, ки Парчами давлатии кишварро эҳтиром намуда, ба ин муқаддасот арҷ гузоранд, зеро, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.
Судя Нурализода О.Б
