Коррупсия: моҳият, паёмадҳо ва сиёсати зиддикоррупсионии Тоҷикистон
Дар ҷаҳони муосир, ҳамқатор бо таҳдидҳои ҷиддии глобалӣ ба мисли терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фасод низ ба яке аз мушкилоти доғ ва хавфноки ҷомеа табдил ёфтааст. Коррупсия ба рушди иқтисоди кишвар, сатҳи зиндагии мардум, амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва суботу оромии давлат таъсири манфӣ мерасонад. Хатари бузургтарини он коста шудани эътимоди шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ мебошад.
Коррупсия дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва таҳдид ба амнияти миллӣ эътироф шуда, пешрафти иқтисодро суст ва заминаҳои ҷомеаи демократиро заиф мегардонад. Имрӯз фасод на танҳо як мушкилоти дохилии кишварҳо, балки як масъалаи бузурги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки ба рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Бо мақсади тақвияти мубориза бо ин падида, Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 Конвенсияи байналмилалиро зидди коррупсия қабул намуда, рӯзи 9 декабрро Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон кард. Тоҷикистон соли 2006 ба ин Конвенсия ҳамроҳ гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бо фасодро такмил дод.
Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар як силсила санадҳои муҳим пешниҳод ва қабул гардиданд. Аз ҷумла, Стратегияҳои мубориза бо коррупсия барои солҳои 2008–2012, 2013–2020 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия то соли 2030, ки самти сиёсати давлатро дар коҳиши ин падида муайян месозанд.
Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест — дар ин раванд тамоми ҷомеа бояд фаъолона иштирок намояд. Танҳо бо талоши дастаҷамъона имконпазир аст, ки сатҳи коррупсия коҳиш ёфта, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Котиби маҷлиси судӣ Насриддинов С
