Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон ва аҳамияти он
Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг ва ҳувияти иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд ва барои рушди ҷомеа бояд бо талаботи замон мутобиқ гарданд. Дар солҳои гузашта баргузории ҷашну маросимҳо ба сабаби сермасрафӣ ва зоҳирпарастӣ ба як мушкили ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфт. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардум, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қабул гардид. Қонун ба танзим даровардани маросимҳо, паст кардани хароҷоти бемаънӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона шудааст.
Татбиқи қонун нишон дод, ки он ба коҳиш ёфтани хароҷоти оилаҳо, аз байн бурдани маросимҳои серхарҷ ва риояи беҳтари суннатҳои миллӣ мусоидат мекунад. Қонуни мазкур инчунин мардумро ба эҳтироми арзишҳои аслии миллӣ ва рӯҳонии динӣ ҳидоят намуда, барои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа заминаи боэътимод фароҳам меорад. Танзими анъана ва маросимҳо ба одамон имкон медиҳад, ки ҳам арзишҳои миллии худро ҳифз кунанд ва ҳам зиндагии рӯзмарра ва иқтисодиёти оилавиро бо самаранокӣ нигоҳ доранд.
Котиби маҷлиси судӣ Қудратов Муҳаммадҷон
