Пойдории Ваҳдат — сарчашмаи ободӣ ва шукуфоии Ватан
«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад»
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар инсоне, ки ба дунё меояд ва дар рӯи замин умр ба сар мебарад, орзу дорад, ки дар кишвари орому осуда ва бо амнияту оромӣ зиндагӣ кунад.
Дарахти сулҳу ваҳдат, ки Президенти мӯҳтарамамон бо кӯшиш ва талоши худ ба ин неъмат ноил шуданд, имрӯз меваҳои ширин ва пурсамар дода истодааст, ки бо онҳо мо тоҷикон фахр мекунем ва бо умед ба ояндаи дурахшон менигарем.
Иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар ҷангу низоъ, нифоқ ва ҷудоӣ пирӯз мегардад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус, ватандӯст ва ватанпараст — таҳкими дӯстиву бародарӣ, ҳифзи сулҳу оромӣ ва дастовардҳои истиқлол мебошад. Ташаккули ғояи ваҳдати ягонагӣ на танҳо рисолати миллӣ, балки роҳи таърихии ҳар халқ ба сӯи шукуфоиву рушд мебошад.
Худогоҳӣ ва худшиносӣ шахсро водор месозад, ки қадри Модар-Ватан, муқаддасоти миллӣ, истиқлол ва рамзҳои давлатиро эҳсос намояд, арзишҳои волои фарҳанг ва ахлоқ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху мероси куҳани халқи худро қадр намояд ва барои гузоштани мероси арзанда ба насли оянда талош кунад.
Имрӯз фарҳанги давлатсозӣ ва давлатдории ҷомеаи мо рӯз ба рӯз решадор ва устувор мегардад, зеро ҳар шаҳрванд — хурду бузург — хостгори ободиву озодӣ ва оромиву осудагии Ватан мебошад.
Мо бояд ватани худро аз таҳти дил дӯст дорем ва барои шукуфоиву ободии он пайваста саъю талош намоем. Барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас, тамоми ҷомеа бояд ба таълиму тарбия, рушди фарҳанг ва маориф диққат диҳад ва барои тақвияти онҳо кӯшиш намояд.
Наврасон ва ҷавононро бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ тарбия кард, то ки онҳо масъулияти ворисони ҳақиқии давлат ва муҳофизони сарзамини хешро эҳсос кунанд ва барои ободии Ватан талош варзанд.
Ҳадафи ниҳоии мо — бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир, ҷавононро тарбия карда, насли донишманд, соҳибмаърифату соҳибмаълумотро ба камол расонем, то ки дар оянда тақдири давлату миллати худро бо огоҳиву шавқу ирода ба даст гиранд.
Ҳар фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯст бояд дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири миллӣ ва дастоварди бобақои истиқлол талош намояд.
Ваҳдату иттиҳод, ҳамраъйӣ ва ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ ва якдигарфаҳмӣ заминаи рушду тараққиёти Ваҳдати миллиро фароҳам меорад ва мардумро ба пирӯзӣ ва шукуфоии оянда раҳнамоӣ мекунад.
Хулоса, чун фарзанди бонангу номус, имрӯз аз сулҳу ваҳдати кишвари азизам меболам ва хоҳони он ҳастам, ки ваҳдати миллии халқи тоҷик ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидона бошад.
Котиби маҷлиси судӣ Одиназода Ҷ
