Худшиносии миллӣ ҳамчун асоси ҳастӣ ва рушди миллат
Худшиносии миллӣ маҷмӯи ҷаҳонбинӣ, арзишҳо ва худогоҳии иҷтимоиест, ки мавқеи таърихӣ ва маънавии миллатро муайян мекунад. Он ҳамчун пояи асосии ҳастӣ ва рушди миллат баромад намуда, сатҳи он аз рӯи дараҷаи масъулият ва фидокории афрод дар назди манфиатҳои умумимиллӣ муайян мегардад. Миллате, ки худшиносии миллӣ дорад, метавонад мавқеи худро дар миёни дигар халқҳо ҳифз намуда, роҳи рушди мустақилро интихоб намояд.
Худшиносии миллӣ аз худшиносии фардӣ оғоз мегардад. Ҳар як инсон ҳангоми посух ёфтан ба саволҳои асосии ҳастӣ, аз қабили шинохти худ, асли худ ва тааллуқ ба миллат, дар худ ҳисси масъулият ва тааллуқ ба ҷомеаро ташаккул медиҳад. Маҳз ҳамин худогоҳии шахсӣ заминаи ташаккули худшиносии миллӣ гардида, дар навбати худ худшиносии миллӣ ба камолоти маънавии шахс мусоидат менамояд.
Илм ва фарҳанг дар тӯли таърих омили асосии ташаккули худшиносии миллии форс-тоҷик будаанд. Осори ниёгон аз даврони Авасто то эҷодиёти бузургони адабу илм чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Мавлавӣ, Ҳофиз ва Айнӣ наслҳоро дар рӯҳияи инсонмеҳварӣ, ахлоқи ҳамида ва ифтихор аз арзишҳои миллӣ тарбия намудаанд. Ҷавҳари ин фарҳанги пурғановат дар ҳикмати ҷовидонаи «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» таҷассум ёфта, то имрӯз роҳнамои маънавии миллати тоҷик мебошад.
Дар давраи ислом низ донишмандони форс-тоҷик бо такя ба худшиносии миллӣ дар рушди фалсафа, тиб, нуҷум, улуми динӣ ва адаб саҳми арзанда гузоштаанд. Осори онҳо на танҳо дар Шарқ, балки дар Ғарб низ паҳн гардида, асрҳо ҳамчун манбаи асосии дониш истифода мешуд. Ин раванд собит месозад, ки худшиносии миллӣ ҳамеша бо илм, эҷод ва пешрафт пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар замони истиқлол худшиносии миллӣ ба омили муҳими сулҳ, ваҳдат ва суботи ҷомеа табдил ёфтааст. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки бо донишандӯзӣ, меҳнати созанда ва арҷгузорӣ ба мероси маънавии гузаштагон дар таҳкими давлат ва пешрафти ҷомеа саҳм гузорад. Танҳо бо ваҳдат, худогоҳӣ ва ватандӯстӣ метавон истиқлол ва ояндаи дурахшони миллатро ҳифз ва таъмин намуд.
Котиби маҷлиси судӣ Насриддинов Санҷарбек
